Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

мешаванд, танҳо солҳои 1860 боз ба ҳокимияти Кӯлоб аз тарафи амир Сарабек таъин гаштааст.

САРҲАДИ ЛОЛА

Дар чунин вазъи пурмоҷаро ҳокимият дар манотиқи Сарихосору Ховалинг бар дӯши Лола гуфтанӣ ҷавонмард буд. Ӯ марди қавипайкару аспрӯ, чашму бинии укобӣ дошт. Дӯст медошт, ки ҳама гуна амал дар мизони ақлу хирад ҷараён бигирад.
Худписандону хушомадгӯёнро намеписандид. Аз он ки мардум ҳунаре меомӯзад, дониш мегирад, ба ваҷд меомад, то қадри зӯррас шароит муҳайё менамуд, ки ин амалҳо вусъат ёбанд. Ҳамин шукуфтарӯии ӯ буд, ки ибтидои асри XIX мазору мадрасаҳои тобеот ободону серодам гаштанд. Лола пайваста кӯшиш бар он менамуд, ки сулҳу осоиш дар мулк ҳукмрон бошад. Аз муноқишаҳои Мизробшо то қадри зӯррас худро дур мекашид. Баъди фавти ӯ писараш Сарҳад ҳокимияти ин мавзеъро бар дӯш дошт. Лола ва писараш Алқотун қаровулбегӣ дар ҳайати ҳокимияти Мизробшо аз рӯи ҷасорату кордониаш як навъ мухторият дошт. Яъне, метавонист андозро камтар ситонад, мансабҳоро бо дархости хеш тақсим намояд. Ӯ ба писараш Алқотун мудом аз боби раиятпарварии шоҳони одили сосониву сомонӣ сӯҳбатҳо меорост, пандҳо мегуфт, мисолу намунаҳо меовард. Сафари бобои Эшони Холмуҳаммади қаронақӣ ба тобеоти Мазори Ҳазрати Султон ба давраи ҳокимиятдории ӯву фарзандонаш рост омада буд. Маҳз дилсӯзии ӯ боиси эҳтиромёбии бобои Эшон гардида, ӯ ҷову макони зист ёфт. Акнун

пешина
аз 176
навбатӣ