Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

машварати Сафаралибой, муридони падараш Мулло Қаюм, Мулло Саттor ба хонаи Қосим - туқсабо нияти хостгор фиристодан намуданд. Ногуфта намонад, ки миёни оилаи Эшони Холмуҳаммад ва авлодҳои Алқотуну Сарҳади Лола дер боз рафтуомаду дӯстӣ барқарор буд. Аз ташрифи Халифа Сайид огоҳӣ ёфта, нахустин шуда Қосим туқсабо ва гумоштагонаш ба хизмату ба зиёрат омада буданд. Ба бобои Эшон дар бунёди масҷиду мадрасааш ба қадри имкон дасти ёрӣ дароз менамуданд.

XXX

Миёнаҳои асри XIX солҳои 1841-1860 вазъи сиёсӣ дар ҳудудҳои Бухорои Шарқӣ дигаргун шуд. Ҳокими Ҳисор Абдулкаримбек таъин гашт. Дар Балҷувону Кӯлоб ҳокимият дар дасти падару писар Каттабеку Мизробшоҳ буд. Ин вилоятҳо ҳам ба амир итоат кардан намехостанд, ҳам байни якдигар муноқишаи сахт доштанд. Дар яке аз задухӯрдҳо падари Мизробшоҳ Каттабек аз дасти навкарони ҳокими Файзобод қатл мегардад. Мизробшоҳ ба қасди хуни падар то Ҳисор ба қатлу ғорат ва кушокушӣ мепардозад. Баъди марги ногаҳонии Мизробшоҳ миёни додарони ӯ мубориза барои мансаб авҷ мегирад. Ҳамин вақт лашкари амир Музаффар ба Ҳисор расида, беҷанг онро тасхир намуд. Абдулкариму фарзандонашро асир гирифт. Дар мавзеи Баҳодуробод (Калининободи собиқ) хиргоҳи лашкар зад ва ба ҳокимони хатлонӣ нома фиристонд, ки агар ихтиёран ба ҳузури амир биоянд, аз гуноҳашон мегузарад, вагарна ҳамаро сар хоҳад зад. Ин фиребу найранг буд. Чун ҳокимон расиданд ҳамаашонро қатл фармуд. Акнун Ҳисору Кӯлоб тобеи амири Бухоро

пешина
аз 176
навбатӣ