Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
рӯзии онҳоро Худо мерасонад. Оҳиста-оҳиста ҳамааш ба низом медарояд, аз дил мегузаронид ӯ.
Сокини деҳаи Қиблай Раҳмоналии Мирзошо нақл мекунад: Рӯзе мо чил савор чун борҳои колхозро ба анборҳои шаҳр бурдем, ба Каримбердӣ расидан ҳамоно шаб фаро расид. Дигар маслиҳати дар торикиву хунукӣ гузаштани ҳаму баргаҳҳои пурхавфу хатар нашуд, ба қароре омадем, ки ба хонаи бобои Эшон биравем. Зеро ин теъдоди зиёди меҳмонони нохондаро ба ҷуз ӯ касе сару бар шуда наметавонист. Дилу бедилон роҳи ҳавлии он касро пеш гирифтем. Аз миён 70 сол сипарӣ гаштаасту он рӯзҳо ҳеҷ аз хотирам намераванд. Шукр мегӯям Худоро бо чунин бандаҳои сахиву бузург. Медонед, чун бо навбат медаромадему Ҳазратро зиёрат менамудем, аз даромадани ҳар яке мо тифлвор шодӣ мекард, мешукуфт.
- Ку биёед, фарзандонам, дар ин торикиҳо шуморо Худои таъоло аз куҷо расонд. Аз ростӣ имшаб меҳмон камтар буд, аз таъом роҳати хуб накардем, хуш омаден. Ку, мулло Раҳмоналӣ, ҷо ба ҷо кун, меҳмонхоро. Ҳа, либосҳои гафсро бикашед, хона гарм аст. Биёерен аловиро, обу таъома, дастҳотона шӯстаед-ҳа? Бале, - мегуфтанд он кас.
Шаб баҳузур хобидем. Субҳ вузӯъ кардем, ба намоз бархостем, шаб борон борида ҳама ҷоро лой гардонидааст. Аҷабо, харҳои мо дар кутан наметобанд. Ҳиҷолат кашидем, ғамгин шудем, зеро он шабу рӯз дуздо-дуздӣ авҷ гирифта буд. Шаб бо Ҳазрат маслиҳат накардем, харҳоро ба оғил надаровардем, ана оқибаташ. Охир дар ин кутани аз хонаҳо дур бурда бастем-е. Акнун ҷавоби хурчину чуволи ҳаммолҳо, харҳои онҳоро чӣ тавр мегӯем? Маъюс ба кунҷе туб зада будем, ки бобои Эшон баромаданд, нидо карданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё