Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

мадраса, китобхонаи Мулло Қурбоналӣ ҳам баста шуд. Китобҳояшро аз тарси худобехабарон ба ҳар ҷару гор бурда фурӯ рехт, пинҳон намуд. Бо вуҷуди ин Мулло Мӯҳточро хуш пазироӣ кард. Як ҳуҷраашро ба ӯ бахшида, ӯро ба муридон, қавм, сокинони деҳоти хурду калони атроф муаррифӣ намуд. Писараш Ҳабибуллоро барои таълимгирӣ ба назди ӯ гузошт. Чун фишору зӯроварӣ ба ҳадди тоқатшикан расид, дӯстонаш Ҳоҷӣ Ёқуб, Эшони Тутӣ Гулак, Эшони Алааспаро ба маҳбас кашиданд, домулло Мирзоро куштанд, гурезогурез сар шуд. Бисёриҳо марзи хоки кишварро убур карда, ҷон ба саломат мебурданд, аммо ӯ нагурехт. Ҳамроҳи Мулло Мӯҳтоҷу писараш Ҳабибулло ба деҳқонӣ машғул шуд. Масҷидҳо ба гӯшаҳои сурх, бошишгоҳҳои колхозчиён, анборҳо табдил ёфтанд. Мулло бо шогирдонаш вохӯриҳои махфӣ доштанд. Вақти намоз аз азон гуфтан метарсиданд. Авлодони машҳури онҳо Домулло Гулаҳмад, Домулло Исмоил, Домулло Набот, Домулло Қосим, Домулло Бобо, Мулло Ғулом, Мулло Карим, Мулло Зокир, Мулло Назар, Мулло Саид, Мулло Ҷалол, Махсуми Одил, Махсуми Борон низ дар ин рӯзҳои шадид ва тантанаи ҷаҳолату таАССУБ хориву зорӣ мекашиданд.

Чун фурсати муносиб даст медид, тавассути порадиҳӣ ба марзбонон як қисми таъқибкунандагон, ки аксарашон соҳибҳунару доро ва аҳли маърифат буданд, ба хориҷа фирор мекарданд.

Мардуми маорифпарвар, хайрхоҳ аз тақдири муллои накӯкор бобои Қурбоналӣ ба изтиробу ташвиш афтода, борҳо хоҳиши фирорашро аз ин диёри фалокатрасида дархост намуданд, вале ӯ рад кард.

пешина
аз 176
навбатӣ