Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

камбағалони тобеоти Баландсару Балҷувон гардид. Парчами озодихоҳии Восеи диловар парафшон шуду ҷону қалби кӯҳистониёнро ба шӯр овард. Бо ҳамин оромию осудагиҳои мардуми деҳи Гундиён низ хотима ёфт. Баъди шикасти исёнгарон таъқибу озори барзгарон, косибон, аҳли маърифат торафт меафзуд. Мулло Гурез писараш Қурбоналиро, ки акнун соҳибилму соҳибфазилат гашта буд, хонадор карду дертар аз олам реҳлат намуд. Мулло Қурбоналии ҷавон мадрасаву китобхона кушод. Ба диндорону мардони бофарханг, босаводи он айём Ҳоҷӣ Ёқуби Сичиёнӣ, Эшони Саиди Алааспа рафтуо дошт, қарин буд. Ҳабибулло писари Мулло Қурбоналӣ чун ҷадиди бузургвори хеш дар андак муҳлат китобҳои асосии исломро азбар намуд. Пораҳои китоби муқаддаси «Қуръон» ба як-ду бор хондан дар зеҳнаш ҷо мешуд. Дертар ба осонӣ оятҳою сураҳои азёдкардаашро тафсиру тавзеҳ менамуд.

Мулло Қурбоналӣ ба аҳли илму маърифат эҳтироми самиmӣ дошт. Бо дӯстони шеърдӯсту китобдӯсташ Сайидмуҳиддин, Сайиднасриддин доимо ҳамроҳу ҳамнишин буд. Вақте ки дар кӯчаҳои деҳ маорифпарвари намоёни дарвозӣ Мулло Мӯҳтоҷу завҷаашро дар ҳоли гадой дид, дилаш ба риққат омад. Гардиши гардуни бадафқол ӯро ба андеша водор сохт. Оре, доимо ҳоли давру замон яксон намемондааст. Падид омадани сохти дигар, ҳокимияти ҷадид сабаби қатлу маҳв, таъқиби аҳли илму маърифат, меҳанпарастону мазҳабпарастони асил шуд. Масҷиду

пешина
аз 176
навбатӣ