Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

ки номбаршудагон пешвои маҳалу мавзеъ, мардуми кишоварзу барзгар буданд.

Аз Мулло Гурез се писар ба дунё омадааст: Бурҳон, Амиршоҳ, Мулло Қурбоналӣ. Мо дар ин ривояти таърихӣ дар боби ҳаёту фаъолияти яке аз эшон – домулло Қурбоналӣ, абармарди даврон, фарзандони ӯ, саҳмаш дар камолоти маънавии мардум сухан гуфтанием.

Бозгӯӣ аз зиндагӣ ва фаъолияти нодирмардони илму адаб ва ҳунар, аҳли сипоҳу сиёсатмадорон ва поягузорому муҳофизони мазҳаб, ки ганҷи шойгонест дар хазинаи тамаддуни оламиён, ёдест аз рӯҳи онҳое, ки ҷомеа ва миллати моро сохтаанд. Мусаллам аст, ки теги бераҳми замон пайванди отифаро миёни наслҳои гузаштаву имрӯз кандааст, зарур аст ин ҳодисаи ҳавлноки таърихро ислоҳу таҳрир намоем, силсилаи гусастаро пайванд намоем.

Ёди гузашта чун садои дилнавоз, чун насими атрогину мушқрез ба дилҳо фараҳ мебахшад, моро ба сӯи худ мекашад.

Қурбоналии хушзеҳни хушсавод аллакай дар чорсолагӣ чанд сураро аз бар карда буду намоз мехонд. Чун вақти саҷда, саломдиҳӣ чашми падар ба писаракаш бармехӯрд, шукри Яздони пок мекард, ки ӯро чунин бахшиш насиб кардааст. Писаронаш Амиршоҳу Бурҳон низ худотарсу тақводор буданд, аммо Қурбоналӣ дар замири волидайн ва атрофиён мавқеи хосае дошт.

Хушксолиҳои солҳои 80-ум андозаи тоқатшикани амлокдорони амир, зулму истибдоди ҳокимони маҳал боиси исёну баҳри дифоъи ҳуқуқҳои худ бархостани

пешина
аз 176
навбатӣ