Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
«Хости Худо чизе ки бошад, ҳамонро мебинам», - гуфт. Ҳамин хел ба касби кишоварзӣ, деҳқонӣ машғул гашт. Чун солҳои сиюм ихтиёриёнро барои сохтмони роҳи Норак - Кӯлоб номнавис мекарданд, нахустин шуда, ӯ азми кор рафтан намуд. Муддати ду сол сарвари бригадаи роҳсозон буд. Дар ин мӯҳлати кӯтоҳ аъзои бригадаи ӯ аз пешқадамони истеҳсолот ба шумор мерафтанд. Аммо ба ин ҳам нигоҳ накарда, таъқибу озори ӯву фарзандонаш қатъ нагашт. Хабаркашону мунофиқон, даюсону оқипадарҳо, ки бархе шогирдону наздиконаш буданд, ба ЧК ҳар рӯз дар бораи таълимдиҳии ӯ, китобхонӣ, китобдиҳии ӯ маълумот мерасонданд.
- Дид, ки намешавад, падарам ба мо фаҳмонд, ки ҳамин шаб аз Ғундиён фирор мекунем, то мардум ба куҷо рафтани моро нафаҳманд, - нақл мекунад духтари Ҳазрат кампири Олиямоҳ, - ва мо нимишаб кӯчи худро ба харҳо бор карда ба сафар баромадем. Ба қишлоқи Қазончии ноҳияи Қизилмазор (ҳозира Совет) омадем. Раиси колхози ин ҷо ба падарам меҳри калон дошт. Ӯро мудири анбор таъин кард. Акнун падарам номашро Суфӣ Қурбоналӣ монд, то аз дасти ҷосусону даюсон раҳоӣ ёбад. Дар танҳоӣ аз дида сиришк мерехт, афсӯс мехӯрд, ки илми ӯ имрӯз ба касе судманд нест, таълим дода наметавонад, ахлоқи мардум рӯз ба рӯз коҳиш меёбад, худонотарсу ҷоҳил мешаванд, баракаи касби кор мепарад, оқибат замину замон, омма ба ғазаби илоҳӣ гирифтор хоҳанд шуд. Аммо ҷуз гиряи тӯлонӣ болои ҷойнамоз имкон надошт. Оре, роздонашон рӯзҳои аввал Худои мутаъол, баъд завҷаву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё