Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
бобои Абдулҳай. Тез бош, бирав, либосҳота бигир, ман бегоҳӣ ба устод вазъи ҳолро мефаҳмонам.
Сайид 19 тангаи устодашро гирифта, бо дуои падар рӯзи дигар тан ба тақдири Худо, ҷониби маркаzi тамаддуну маърифати он замонҳо ҳамроҳи корвони тоҷирон раҳсипор гашт.
Замони ба сафари Бухорои шариф баромадани сағираи пойлуч, талабгори илм Сайид ва дигар сафаракиҳо ба даврони кашмакашҳои бузурги таърихӣ рост омад. Дар рӯзҳои ҳукмронии Амир Музаффар (1860-1885) лашкари Русия бо мақсади истилои Осиёи Миёна ба ҳудудҳои хонигарии Бухоро ҳамлавар шуд. Амир бо аҳли оилааш ба Кармина гурехт. Писари худ Абдумалик Тӯраро, ки ҳокими Ғузор ва Раҳмонқули парвоначиро, ки ҳокими Ҳисор буд, ба ҷанги русҳо фиристод. Онҳо дар набард бо генерал - губернатори рус шикаст хӯрданд ва аҳдномаи сулҳ баста шуд.
Гурӯҳи калони дарбориён аз сустии амир дилмонда шуда, мехостанд ба ҷои ӯ писараш Абдумалик Тӯраро шинонанд ва ба муқобили истилогарони рус бархезанд. Қисми ҳокимони вилоят, ба мисли ҳокимони Ҳисор, Деҳнав, Шерободу Кӯлоб аллакай итоат намекарданд.
Амир ба муқобили ошӯбгарон аз қувваҳои Русия мадад хост. Абдумалик шикаст хӯрда ба Ҳисор омад, ҷуз ҳокими Кӯлоб Сарахон касе кӯмакаш нарасонд. Ӯ ноилоҷ аз роҳи Қаротегин ба Қошгар рафт. Амир барои ҳокимони саркашро танбеҳ додан Яъқуби Қушбегиро фиристод. Он замон Сарахони кӯлобӣ дар минтақа бақувват мешуд. Баъди кушта шудани Абдулкарими ҳисорӣ Сарахон соли 1868 Ҳисорро низ зери тасарруфи худ дароварда буд. Ӯ намояндагони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё