Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

амирро ронда, қабоили туркнажодро зидди ӯ мешӯронид. Аммо лашкари Сарахон дар муқобили сарбозони Яъқуби қушбегӣ, ки бо аслиҳаи русӣ мусаллаҳ буданд, шикаст хӯрд. Сарахон ба Афғонистон гурехт. Пас аз он Амир писари худ Абдулмӯъминро, ки лақабаш Тӯраҷон буд, ҳокими Ҳисор таъин мекунад. Айёми ҳукмронии ин ҳоким хунрезию ҷабру зулм ба авҷи аъло мерасад.

ДАР БУХОРО

Пир тобистону халқон тирамоҳ,
Халқ монанди шабанду пир моҳ...
Барнавис аҳволи пири роҳдон,
Пирро бигзёну айни роҳ дон.

Сайиди ташнаи илм ҳамроҳи мусофирон пои луч, бо машаққати азим роҳ пеш мегирад ва ба шаҳри Бухоро мерасад. Ин воқеа тахминан ба солҳои 1859 рост меомад. Сайид он айём ҳафтдаҳсолагиро пур карда, ба ҳаждаҳ қадам мегузошт.

Оре, толибилми ҷавон дар Бухоро ҷуз Худои муттаъол муттакое надошт. Дар тӯли қариб чил соли таҳсилу кораш касе аз диёраш ба дидорбинии ӯ наомадааст ва шахси меомадагӣ ҳам надошт. Бобои Эшони Холмуҳаммад пири барҷомонда шуда буду фарзандонаш камбағал. Дар боби ранҷи таҳсили ин ҷавони матинирода, худотарс қиссаву ривоятҳои зиёдеанд, ки мо ин ҷо чандеро меорем.

пешина
аз 176
навбатӣ