Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
таъминанд ë не? Чун занак паи коре ба бог даромад, Сайид аз чой хеста сабади калони таги долонро боло кард, дар косае аз хурмаи калон андак чургот бардошт, сабадро ба чояш монда ба руи суфа омад. Акнун як лукма фуру бурда буд, ки зарбаи сахте ба паси гарданаш расид, каловиду базур руи по рост истод. Бо чашмони гурбавор дурахшон дар пушташ, калтак дар даст модарандараш Бибихолро дид, ки бонг мезад:
- Ху, муттахами бетавфик, боз даст ба чурготу маскаи ман мебари. Шумо як гала сагирахои муфтхур балои чони ман шудед!
Сайид аранже тоб хурда, гирён аз дасти у рахои ёфта, ба куча фирор кард. Бо бобои Абдулхайи хамсояашон, ки яке аз муридони хушсаликаи падараш буду ба у, яъне ба Сайид бо фармони падар сабак медод ва хукми устоди дошт, ру ба ру омад.
Абдулхай аз гиряи у хавотир кашид, сарашро бо мехр сила карда пурсид:
-
Мухаммадсайид, чи мегирий?
-
Хеч чиз не, - сир бой надод у.
-
Бигуй, чи мегирий?
-
Гушна мондум, як коса чургот гирифта нон кати хурдум, ки очам Дидак, маро зад, - оби чашмашро пок карда, шарх дод писарак ва аз чабри доимии модарандар кисса кард.
Абдулхай лахзае ба хаëлот фуру рафт, баъд таъкид кард:
- Хамаасро медонам, Мухаммадсайид, ту бачаи ахли, хуби, беозори, мах, ин тангахоро бигиру хозир хамрохи корвони точирони рохаки барои хондан ба Бухорои шариф бирав, сохиби маърифат мешави, омада ба падарат кумак мерасони, - маслихат дод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё