Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

ризқу рӯзии ҳалол одат мекунонд. Ҳаҷд дошт, ки онҳо танпарвару баднафс, порахӯру риёкор ба воя нарасанд, ободии охирати хешро ҳифз намоянд.

Дар авҷи наврасию камолоти онҳо завҷааш Чинихол аз олам гузашт. То тифлаконаш хору залил набушанд, Эшон аз нав хонадор шуд. Гумон мебурд, ки зани нав низ чун модари марҳумашон ба онҳо дилсӯзу нозбардор мешавад, бо шукру қаноат умр ба сар мебаранд. Ҳайҳот, ки занаки худобехабар дар ғоибии шавҳар кӯдаконро бехуда ғурбат менамуд, бо газабу нафрат дашном медод, мезад. Бачаҳо аз тарси ранҷиши падар сари хам, гушнаю ташна ба ҷуфт, ба дарсҳо мерафтанд. Занак дар пеши Эшон худро мӯсичаи бегуноҳ, порсо, фармонбардор вонамуд месохт. Бо вуҷуди ин бобои Эшон аз рухсори ғамгину лабони парсинбастаи ҷигарбандон оҳиста-оҳиста ба сирати занак, дурӯғаю зиштфеълии ӯ сарфаҳм мерафт, дилаш ба дард меомад. Охир ӯву завҷаи марҳумаш Чинихол бо чӣ армонҳо ин тифлаконро ба дунё оварда буданд. Ҳа, хости Худоро танҳо Худо медонад, банда ҳама шири хомхӯрда, гӯлу гумроҳ.

Рӯз бегоҳ шуду бо маслиҳати падар Сайид аз шибари ҳавзи лаби чашмаи калон бандикворӣ даравида дар хона тановул карда, дам гирифта баъд ба сари замин мебурд. Бо ҳамин ният сару рӯяшро шӯста ба чеҳраи турши модарандараш нигаристу андешаи дамгирӣ аз майнааш дур шуд. Пораи нони рӯмоли миёнашро бароварда канори суфаи ҳавлӣ, сояи гелос майда кард, ба косаи оби хунук тар карда хӯрдан гирифт. Баъд аз дил гузаронд, ки албатта дар шабдарав хоҳад истод. Оё бо ин таом мадору тавони кор хоҳад ёфт? Не! Чӣ бояд кард? Модарандар як даҳон гап ҳам намепурсид, ки серӣ ӯ гурусна, даравгарҳо бо обу хӯрок

пешина
аз 176
навбатӣ