Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

напечид. Ба хоҳари Тӯробшои муридаш хонадор шуд. Қавл додагӣ барин, сари ҳафтаи баъди хонадоршавӣ модар аз олам гузашт. Акнун Холмуҳаммаду завҷааш ва муридонаш монданд, ки онҳо бисёр буданд. Андуҳи гарони марги модар то дерҳо қалби ҳассоси ӯро дар панҷаи бараҳнааш мефишурд. Ғаму дардашро машғулот, тафсиру ташреҳи ояҳои «Қуръон»-и азимушшаън камтар мекард.

Паҳлӯи масҷиду хонаи эшони Холмуҳаммад аввал кулбаҳои муридон, сипас ҳаводору хайрхоҳонаш қомат афрохтанд. Мардум аз деҳоти хурд-хурди қади дараҳо ба сӯҳбати Эшон мешитофтанд. Ин ҷавони логарандоми қоматбаланди чеҳракушодро дӯст медоштанд. Холмуҳаммад дар ягон ҳолат худро аз мардум боло намегирифт. Баробари онҳо ҷуфти гов дошт, кишту кор мекард, заҳмат мекашид, ризқу рӯзӣ меёфт. Луқмаи ройгон, муфтро намеписандид, пайваста хирқаи хоколуду хоксорона дар бар, дастони пуробила дошт ва аз ин ифтихор ҳам менамуд. Дертар дар ҳавлии ӯ фарзандонаш Назар, Хидир, Раҳим, Исмоил, Собир ва Сайид ба дунё омаданд. Онҳо мисли шоҳпар рӯҳи илҳоми Эшони Холмуҳаммадро ба парвоз меоварданд. Ба рухсори ҷигарбандонаш нигариста ба Худои мутаъол ба ин ҳадяҳои гаронбаҳояш изҳори шукру сипос менамуд. Меандешид, ки баъди чанд соле ҳар кадоми онҳо як машъали маърифати ин диёр, имому пешво хоҳанд шуд. Панду андарзи бузургвори ислом, дурдонаҳои адабиёти гузаштаро миёни мардум паҳн карда, сабабгори покии ахлоқи ҳаммиллатон, файзу баракати диёр ва рӯҳи ҷадди бузургворашон Шариф мегарданд. Ба ҳамин ният ба таълиму тадриси исломии онҳо назорати қатъӣ мебурд. Ҳамзамон фарзандонашро ба меҳнати сахти ҷисмонӣ, ёфтани

пешина
аз 176
навбатӣ