Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

мактуб навиштам, то ки ақаллан гӯрашро биёбам, суде набахшид. Бобои Эшонро надида бошам ҳам, аз аромату бузургии он кас дарак дорам. Бо фарзандаш Абдулмаҷид шиносоии наздике доштам. Айни ҳол мо чун мурид ба фарзандону наберагони Эшон таваҷҷӯҳу ихлоси зиёде дорам.

ФАРЗАНДИ СОЛЕҲ

Мухаймин писари нахустини Ҳазрати Эшони Алааспа аст. Он кас соли 1924 ба олам чашм кушода, аз хурдӣ баробари бародаронаш Муҳаллил, Сайидмуртазо ва хоҳарашон Шариқамо таълиму тарбияи волидайнро фарогир буданд. Модарашон Ҳалимамо духтари Қосим-туқсабо, аз ҷониби падарӣ набераи Ҳазрати домулло Собиранд. Муҳаллил дар қишлоқ шаҳид шуду Сайидмуртазо дар Ҷанги бузурги ватанӣ.

Падари Мулло Фахриддин Шайх Абдулазиз соҳиби шарҳи таъриф буданд. Ҳазрати Эшон муридашон Мулло Фахриддинро бисёр эҳтиром менамуданд. Мулло ба хотири пирашон духтарашонро дар 9-солагӣ ба Ҳазрати Эшон назр - тӯҳфа намуданд. Духтар 5 сол дар тарбияи бибиҳо парвариш ёфту баъд завҷаи Махдуми Мухаймин шуд.

Мухайминро ҳам ба хизмати аскарӣ гирифтанд, ба Душанбе оварданд. Инҷо чанд марҳилаи таълиму машқро аз сар мегузаронад. Дар яке аз рӯзҳо бо сабабе мариз шуд. Диданд, ки шифо наёфт, охири соли 1943 Комиссиюни ҳарбӣ ӯро ба хона ҷавоб дод. Ба деҳаи Қизилкаппаи ноҳияи Совети ҳозира омад. Ногуфта

пешина
аз 176
навбатӣ