Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

аҳли байташ ба колхози ба номи Карл Маркс (ҳозира Хоҷа Сартез) кӯч баст. Дар ин ҷо ба касби деҳқонӣ, таббоҳӣ машғул шуд. Чун ба нафақа баромад, аз нав ба зодгоҳаш Ховалинг омад ва дар синни 92-солагӣ аз дунё гузашт.

ТАҚДИРИ САФАРАЛИБОЙ

Солҳои 1930-1934, вақте ки гирудори аҳли илму сармоядорон оғоз ёфт, — нақл мекунад додарзодааш Ҳоҷӣ Абдулмаҷиди Саттор, — амакам Сафаралибою бародараш Ғафурбой ба мулки Афғонистон фирор карданд. Падари маро соли 1937, 17 ноябр мулло гӯён ба ҳабс гирифтанд. Бо ҳамин дигар на аз маҳбас баромаду на даракашро ёфтем. Ман ҳоло дар нафақаи пиронсолӣ ҳастам. Дар давоми умрам баъди хатми мактаби нопурраи деҳаи Каримбердӣ Техникуми савдои шаҳри Душанберо хатм кардаам. Чанд сол молшиноси Иттифоқи матлуботи вилоят, дертар вазифаи сарвари Хӯроки умумии шаҳри Кӯлоб, директории Комбинати гӯштро ба ӯҳда доштам. Чун худамро шинохтам, дастам каме расид ба ҷустуҷӯи амакҳоям ва падарам камар бастам. Маълум шуд, ки фарзандони онҳо дар Арабистони Саудӣ кору зиндагӣ доранд.

Муридону меҳмонони зиёди Ҳазратро дарёфт кардам. Бо фарзандҳои амакҳоям вохӯрдам. Маълум шуд, ки Сафаралибоӣ дар синни 125-солагӣ дар ҳамин диёр аз олам гузаштааст, аммо аз падарам то ҳол нишоне нест. Чанд бор ба бойгонии Кумитаи амният

пешина
аз 176
навбатӣ