Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

намонад, ки баъди حبси Ҳазрати Эшон таъқибу сӯиқасд бар ҷони фарзандону авлодони он кас то ҳеҷ вақт давом дошт. Ба хотири раҳоии аҳли оилаи онҳо кӯчида ба шаҳру деҳи дурдаст рафтанд. Махсуми Абдулмаҷид (Мухайминро барои аз таъқибот раҳоӣ ёфтан минбаъд ҳамин хел, ё Махсумҷон ном мебаранд) аллакай пеш аз оғози Ҷанги бузурги ватанӣ фарзанддор гашта буд. Як фарзандаш фавтид. Баъд духтараш Ойтилло, сипас Нурулло таваллуд ёфтаанд. Ӯ марде буд оқилу доно, фурӯтану парҳезкор. Дар қироат зеҳни аъло ва овози хеле ҳам форам дошт, аммо аз ошкор кардани истеъдодаш хавф мебурд. Ӯ дар Қизилкаппа вазифаи посбони ғалларо ба ӯҳда дошт. Лекин хавфи таҳдиду таъқиб аз ҷониби даюсону чоплусони Ҳукумат вуҷуд дошт ва метавонистанд ҳар соат ӯро ба маҳкама бикашанд. Аз ин хотир чун сокинони деҳаи Қизилкаппаро иҷборан барои пахтакорӣ ба таҳдашт муҳоҷир намуданд, Абдулмаҷиду аҳли оилаашон ба Тоқакаппа кӯч бастанд. Дар ин миён ҷанг ба охир расида буду дар мамлакат корҳои азнавбарқароркунӣ идома доштанд. Абдулмаҷид одами меҳнатӣ буд, дар ин деҳа низ ба деҳқонӣ, пахтакорӣ машғул шуд. Ба кору бори дигарон шарик шудан, ба як маҳал ё хонадоне бе даъват рафтанро намеписандиданд, гуфтану шунидани суханеро дар ҳақи ғоиб хуш надоштанд, одами бофайзу баҳосият буданд. Ҳамин хулқи некашон дар андак муддат он касро маҳбуби деҳи мазкур гардонд. Дар ҳама шикасту рехти хоҷагидорӣ, рӯзгор ба пеши ӯ мешитофтанд, дармону илоҷи кор мехостанд. Эшони Абдулмаҷид дар қироат лаҳну овози хубу хуш доштанд.

Чуноне зикр шуд, Махсуми Абдулмаҷид тавассути ранҷу заҳмат маҳорати волову пурарзиши воизи касб

пешина
аз 176
навбатӣ