Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
намуда буданд. Ӯ аз меҳмони падараш воизи машҳури мулки Араб нозукиҳои касби қироатро дар тӯли чанд моҳ аз бар намуд. Махдуми Нурулло нақл менамояд, ки боре дар ҷанозаи сари манзил — гӯри Фатҳиддин писари тагойимон бобои Мулло Мӯсо сураи «Мулк»-ро чунон бо эҳсоси воло, истеъдоди худодод, таъсирбахш қироат намуд, ки аксари ҳозирин аз лаҳни хушу гӯшнавозу рӯҳнавозаш ба риққат омада, гиря карданд.
Бисёр вақтҳо дар субҳидам, вақти намоз бо бародарашон Муҳаймин якҷо, яъне нисф-нисф, сураи «Ёсин»-ро қироат менамуданд. Муҳаллил низ булбулвор ширин мехонданд, ки аз овози ширадорашон одамон баҳра мебурданд. Аз падараш Ҳазрати Эшон ӯ хати иршод ва иҷозаи муриду сӯфигирӣ дошт. Вай мисли падар ҷаҳонбиниву дунёфаҳмии пурвусъатеро дору буд, ҷаҳду сайъи беандозае паи аз бар намудани таҳлилу тафсири сатрҳои «Қуръон» менамуд. Матни хати иршод: «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло. Ба ҳазрат салаллоҳи вассалам. Алҳамдулиллоҳи лази қулуба орифина маъ аланвори бирруҳу судури алмушотокина биарвоҳи асрори мустафо салаллоҳу алайҳи вассалам сайид улаброри ва аъло олиҳӣ ва асҳобиҳӣ. Аммо баъд бидон толиби содиқин он чӣ ифода карда ба садри муншариҳ аз баҳои асрор ифода намуда, ба ҳазрати Сиддиқ Абубакр разияллоҳ ан ва аз эшон ба эшон ба ҳазрати Силмон разияллоҳ ан ва аз эшон ба ҳазрати Қисим ибни Абубакри Сиддиқ разияллоҳ таъоло ан ва аз эшон ба ҳазрати Эмом Ҷаъфари Содиқ разияллоҳ таъоло анҳу ва аз эшон ба ҳазрати Боязит

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё