Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

шахсӣ иборат буд. Сокинон барои бонии ҳар сари гов 110 сӯм ба кассаи колхоз даромад менамуданд. Аз ҳамон маблағ 10 сӯмашро ба номи мо мегузарониданд. Пул ба дасти мо намерасид, дар хазинаи хоҷагӣ меистод. Колхоз аз ин ҳисоб ба мо ғалла медоду картошка. Дар дохили ноҳия ҳар дахрӯза ба комендатура рафта аз қайд мегузаштем.

Ҳамроҳи мо дар бадарға намояндагони аксари миллату қавмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ мекарданд. Ҳатто баъди парронидани Берияи ҷаллод аҳли оилаи ӯро низ ба ҳамин ҷо оварданд.

Чун Сталин соли 1953 фавтид, ба сари ҳокимият Маленков омад, авфи умум эълон шуд, ки мо ҷабрдидагон аз ин мужда хеле хурсанд шудем. Аз тариқи радио шунидем, ки ӯ мегуфт:

  • Мо медонем, ки халқи зиёде дар давраи репрессияи сталинӣ бепурсиш аз Ватан беватан шуданд, мурданд, кушта шуданд, ҳоло беасос дар зиндону маҳбасхонаҳо, лагерҳои ислоҳотӣ - меҳнатӣ азоб мекашанд. Тақдири ҳамаи онҳо бояд, ки як бори дигар таҳлилу тафтиш карда шавад. Айни ҳол аз аҳолии бе ин ҳам камбизоат ситондани андози тухму гӯшту шир қатъиян манъ карда шавад. Ҳокимияти маҳаллӣ бояд ба мардуми аз зиндонҳову бадарға баргашта ғамхорӣ зоҳир намояд.

Баъди ин ба рӯи мардум дарҳои осоиш кушода шуданд. Мо тибқи ариза озод ва сафед гашта, ҳуқуқи ба диёрамон бозгаштан пайдо намудем. Боқӣ мардум низ ариза навишта озод мешуданд, бисёриҳо ба вилояти Пахтаарали Қазоқистони ҷанубӣ омаданд. Аз 11 оилаи аз Ховалинг бадарға шуда, Ҷалол гуфтани одам ва боз чанд каси дигар мурданд. Дигаронро аввал ба Пахтаарал бурданд, оилаи мо бошад ба Ховалинг омад. Оилаҳои дигаронро дертар аз Пахтаарал ҷавоб доданд.

пешина
аз 176
навбатӣ