Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
дар дами пирӣ озод аз ҳавои фазои меҳри дилкашат нафас бигирам. Медонам, мусофирӣ ва дар мулки бегона зистан азоби ҷонканист. Чӣ илоҷ? Дар мулки худ низ бегона гаштаем: «Оманту биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва рассулиҳи ва-л-явми-л-охири ва-л-қадари хайриҳи ва шарриҳи миналлоҳи таъоло ва-л-баъси баъд-ал-мавт» Аллоҳу акбар! — даст ба рӯй кашид Ҳазрат. Мазмунаш ин аст, ки: «Имон овардам ба Худо ва малоикаҳои ӯ ва расулонаш ва китобҳояш ва бар ин, ки дар дунё ҳар он чӣ мешавад, аз хубӣ ва бадӣ, ҳама аз тақдир аст ва бар ин, ки баъд аз мурдан боз зиндагист. Худо аз ҳама бузургтар аст».
Вопасин маротиба ба пас, ба шаҳри дар хоб монда нигарист, кӯҳу дамани диёру зодгоҳаш Парронаку Каримбердӣ, мазору марқадҳои бузургонаш, чеҳраи фарзандонаш Муҳаллилҷону Мухайминҷон, Саймуртазову Шарикамо, Ҷумда ва Нуҳбатуллоро ба ёд оварду зери лаб гуфт: Дидоратон ба қиёмат ҷигарбандони азизам, бандаи фирории иҷбориро бубахшед, - гура-гура ашки сӯзон сар-сари торҳои риши базебаш таровида, дар партави моҳ лаълпораворе як дурахшиданду нопадид гаштанд.
Вақте ки заврақ аз соҳил хеле дур гашт, субҳ медамид. Ва заврақ дар кӯли Балҳаш айёме, ки моҳи мунир — мурғобии заррини ҳавзи бузург аз вазиши насими сард меларзид, Саме ки ҷуз муридаш Амин, ки дар пеш шишта қаиқ меронд, Саме ки қалби ҳазорон дӯстон, дӯстдорони лутфу марҳамати ӯ, сӯфиёнаш дар фироқаш дилҳунанд, ӯ - Ҳазрати Эшони Алааспа рӯ ба қибла, тан ба тақдири Худо, хушу ёдаш банди роҳи Ҳақ ба пеш, ба мулки бегонае шино дораду шино...
Ҷуз Худои ҷаҳонофарину ҷонофарин то ҳол касе ба куҷо рафтаашро намедонад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё