Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
- Ҳазор илтиҷо мекунам, иҷозат диҳед, то Ҳазрати Эшон аз асп фуруд оянду аз харбузаҳои мо як карч бигиранд. Охир ҳамин полиз бо дуъои ӯ обод аст, - илтиҷо кард Муллои полизбон аз фармондеҳ, ки пешопеши тӯдаи одамон мерафт.
Худо инсофро дар дили сангини ӯ ато кард. Маҳбусону сарбозон даври дастурхон, канори дашт нишастанд. Бо шарофати Ҳазрат одамони мухталиф-андеша, золиму мазлум, тавонгару оҷиз паҳлӯи ҳам нишаста, харбуза хӯрданду дуъо карданду хестанд. Муридону Муллои полизбон то хеле роҳ дасту домани ӯро мебӯсиданду дуъо мегирифтанд. Ҳазрат сару рӯи онҳоро сила мекард, мебӯсид. Бо чашмони пурашк ба атроф, ба кӯҳу барзани диёраш менигарист. Ба ёд овард, ки чӣ гуна ҳамроҳи Нуралӣ, муриди устодаш Шоҳ Яҳуо, бо хурҷинҳои пури китоб, бо рӯҳи болида, бо ҳазор армону орзу аз Бухоро бармегаштанд. Он рӯзҳо ҳеҷ ба гӯшаи хотир намеовард, ки дар дами пирӣ, бегуноҳ ӯро пешандоз, об дар чашм, шӯр дар дил, бо қомати хамида ба маҳбас мебаранд, бадарға месозанд. Ба Қараганда, ба ҷангалзори бесару нӯг мерасонанд.
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Ҳоли зори мустаманди монда дур аз мо ғариб.
ДАР ҚАРАГАНДА — ДАР МУЛКИ ҚАЗОҚ
Оре, Ҳазрати Эшонро ба чӯлистони бе гулу гиёҳ партофтанд. Аксари рӯзҳо хӯрокдиҳии ӯро фаромӯш мекарданд, то ӯ аз гуруснагиву ташнагӣ нобуд шавад. Боре сахт гуруснагӣ кашид. Ҳамон ҷо аз каромати Ҳазрат якчанд палаки қаду пайдо мегардад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё