Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
сагирапарвару адолатпеша номиданд. Равиши омӯзиш то андозае яктарафа буд, ки сагираҳо ҳатто то мӯйсафедӣ фурсату ҷуръати донистани аслу насаби хешро надоштанд. Агар ҷасорат пайдо намоянд ҳам, роҳи омӯзиш — чашми донистан, калиди асрори ниёгонро надоштанд, ки он хати ниёгон буду бароишон бегона гашта. Чун кӯр дар пеши дарҳои хазинаи дар тӯли асрҳо андӯхтаи абармардони миллат, классикони илму адаб, даст ба дасти бегонагон меистоданд. Ва он хоҷа ин кӯронро ба куҷое, ки мехост, мебурд. Ва он хоҷа то он, ки ин оҷиз бино нашавад, дасисакоронро, фитнаангезонро ангезиш медод, рӯҳ мебахшид, ҳавасманд месохт. Натиҷа бисёр маорифпарварони илму адаби тоҷик устод Айнӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мулло Шарифи Кӯлобӣ (Сомеъ Одиназода), Сандалӣ Вализода ва дигаронро таъқибу озор медоданд, бархеро ба маҳкама мекашиданд. То ба дигарон сабак шаваду ёди асли хеш накунанд. Мактабу донишгоҳҳо, кӯчаҳо, шаҳрҳо бо номи аҷнабиён номгузорӣ шуд, пероҳан, расму таомул дар пайравии бегонагон гашта, ҳатто дар раставу хиёбонҳо ниҳолҳои хоси мулки хоҷаҳо парвариш меёфтанд, то билкул мардум аз ганҷҳои маънавию маишии хеш рӯ гардонад. Ин афъоли зишти хешро рангу бор, маънои интернатсионализм — башардӯстӣ маънидод менаму- данд. Аммо касе аз фарзандони диёр ба саволи хеш: Чаро агар ин амал башардӯстӣ бошад, дар мулки паҳновари хоҷаҳо урфу одати онҳоро касе эҳтирому пайравӣ намесозад? Бо номи маликушшуарову уламоҳои оламгирашон паскуҷае номгузорӣ намеша- вад? Дар садову симои онҳо боре ҳам чеҳраи тоҷике падид намеояд, лаҳни ширини дарӣ садо намедиҳад? Ёдбуди классикони онҳо дар миқёси васеъ аз ёдҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё