Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Сарбози отряд Ҷонмуҳаммад Бобоназарзода.
Комиссариати ҳарбии отряд Шарифзода.
Аъзои комиссияи Кумитаи инқилобии Қаратоғ Мирзоашӯр Бӯризода.
Котиби ташкилоти ячейкаи ҳизбӣ Ашӯрзода И. З.
Собиқ раиси Кумитаи инқилобии Қаратоғ Мирзоҳикмат Мақсудзода.
Раиси Кумитаи инқилобии тумани Қаратоғ Ҷалол Баҳриддинҳоҷа.

МУЛЛОҶОН САЪДУЛЛОЕВ

М. Саъдуллоев соли 1903 дар гузари Тошқӯрғони деҳаи Қаратоғи водии Ҳисор, дар оилаи оҳангар таваллуд шудааст. Падараш Саъдулло Яҳёзода яке аз оҳангарони номдори деҳа ба шумор мерафт. Модараш Хадича ибни Собир хонашин буд ва ба корҳои рӯзгор машғул мегашт. М. Саъдуллоев соли 1905 аз модар ва соли 1918 аз падар ятим монд. Фаъолияти меҳнатии худро аз синни 8-солагиаш оғоз намуд, дар дасти бой хизматгор шуд ва дар Қаратоғ ба шогирдии бофанда пардохт.

Дар давоми солҳои 1973—1977 даҳҳо маротиба бо ӯ ҳамсӯҳбат шудам. Ӯ нақлҳои аҷоиб мекарду аз замонҳои карахтию бедодгариҳои давраи барқароршавии Ҳокимияти Шӯроӣ дар Қаратоғ бештар фикр меронд.

Мувофиқи нақли ӯ хаткашонӣ яке аз вазифаҳои масъулиятноки давраҳои барҳам додани сохти босмачигарӣ будааст. М. Саъдуллоев аз соли 1921 то соли 1923 хаткашони ВЧК-и тумани Қаратоғ буд. Соли 1924 ӯро намояндаи ваколатдори шӯъбаи ОГПУ-и тумани Қаратоғ таъин карданд. Соли 1925 ба сафи Ҳизби Коммунистӣ дохил мегардад ва намояндаи махсуси ОГПУ-и қӯшуни 13-уми тирандози 8-уми савора таъин карда мешавад. М. Саъдуллоев баъд аз сарнагун намудани дастаҳои босмачиён дар ҳудуди Сариосиё, Ҳисор, Душанбе дар органҳои давлатии ҷумҳурият хизмат кардааст.

Аз соли 1926 то соли 1927 — комиссари халқии савдои Тоҷикистон, аз соли 1927 то соли 1931 комиссари халқии адлия ва прокурори Тоҷикистон, соли 1931 намояндаи Тоҷикистон дар назди

пешина
аз 214
навбатӣ