Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Тобистони соли 1924 аз Бухоро аз штаби набарди Туркистон рафиқ Мелкумов омад, ки вай дар ин ҷо бо номи Яъқубтура машҳур буд (дар вақти аз Бойсун ба сӯи шарқ таъқиб шудани Иброҳимбек ва Анварпошо (соли 1922) Мелкумов ба дастаи чап, ки аз роҳи Бойсун — Душанбе босмачиёнро пеш карда мерафт, сардорӣ мекард.

Шорохов сарвари дивизияи УШ (фамилияаш фаромӯш шудагӣ) ва Ҳ. Мақсудов бо дастаи аскарон ба пешвози Мелкумов баромаданд. Баъд аз он ки бо Мелкумов вохӯрӣ карданду маросими пешвозгирии ҳарбӣ ба анҷом расид, ба сӯи Қаротоғ равона шуданд. Баъди якчанд дақиқа Мелкумов ба командири дивизия ва Шорохов фармуд, ки онҳо каме ақибтар монанд, аз Ҳ. Мақсудов аҳволи халқ ва муносибатҳои қисмҳои ҳарбиро бо аҳолии маҳаллӣ пурсид. Дар бораи он ки аҳолӣ аз қисмҳои ҳарбӣ розӣ ҳастанд ё не, аскарҳо ягон бетартибие мекунанд, ё не ва монандӣ инҳо саволи бисёре дод. Аз ҷавобҳои Мақсудов қаноатбахш шуд ва ҳамин тавр ба Қаротоғ расиданд.

Баъди аз Қаротоғ рафтани штаби дивизия ба ин ҷо полки савораи 46-ум омад, ки командираш Собчак, комиссараш Карамурза буд ва дар штаби он Козляковский ҳам ба сифати коркуни сиёсӣ хизмат мекард. Баъд Козляковский аз Қаротоғ рафтан, соли 1925 моҳи май Ҳ. Мақсудов ба вазифаи инструктори шӯъбаи ташкилӣ ва котиби муваққатии президиуми Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон интихоб карда мешавад. Соли 1926 тамоми халқи тоҷик якдилона ба мубориза ба муқобили босмачиён бархост.

Соли 1926 дастаҳои Темур барҳам зада шуд. Каллаи Темурро гирифта дар бозори Қаротоғ Аскарони Сурх дар нӯги милтиқ бардошта оварданд. Мурдаи Темур дар қишлоқи Элокии ноҳияи Ҳисор гӯронда шуд (23. саҳ. 244, 258).

Рӯйхати отряди ихтиёриёни Армияи Сурхи Кумитаи инқилобии тумани Қаротоғ дар моҳи май соли 1925

№№Ному насаб№№Ному насаб
  1. Абдураҳмон Бобоазиззода | 3. Абдуқодир Мирзокаримзода
  2. Исматулло Абдуллозода | 4. Абдуҳомид Ваҳҳобзода
пешина
аз 214
навбатӣ