Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Тоҷикистон аз авфи умумӣ баҳравар гардид.

Дар ин амалиёти маҳв карда шудани дастаи Темур қурбошӣ ҷанговарони отряди ихтиёрии Қаротоғ Абдураҳмонов, Азизов, Умар Саидов, Қосим Раҳимов, Салим Азизов ва дигарон, аз фаъолони шӯроӣ Ато Набиев, Юсуф Шарифов, Арбобшариф Мирзоев, Тағойназар Ҳақназаров ва дигарон ҷасурӣ ва ташаббус нишон доданд.

Афсӯс, ки номи командири шӯъба ва дигар ҷанговарон аз гурӯҳи гарнизони Қаротоғ, ки дар сафи пеш истода, ҷоннисорона дар ҳамин задухӯрд қаҳрамонӣ нишон доданд, номаълум мемонад. Лекин халқи тоҷик онҳоро дар шахси бародарони худ — халқи кабири рус ва дигар халқҳои бародарии Иттифоқи Шӯроии сермиллат фаромӯш нахоҳад кард...

Вақте ки кас рӯзҳои пурдаҳшати давраи ҷанги гражданиро дар Тоҷикистон ба хотир меоварад, ҳамаи душвориҳое, ки халқи тоҷик бо роҳбарии Ҳизби Коммунистӣ ва ёрии беғаразонаи халқи кабири рус бартараф намуда, дар мубориза барои барқарор ва мустаҳкам гардонидани Ҳокимияти Шӯроӣ ба ин комёбиҳои бузург ноил гардидааст, дар пеши назар намудор мешаванд.

Солҳои 1923—24 штаби дивизияи VIII дар Қаротоғ меистод, ки дар он ҷо бо ёрии аҳолӣ барои табобати аскарони ярадор ва бемор шифохонаи калоне сохта шуд ва ин шифохона бисёр биноҳои калон, клуб, саҳна ва китобхона дошт.

Комиссари дивизия Шорохов ҳамеша тавсия менамуд, ки коркунони идораҳои граждании тумани (Қаротоғ) ба тамошои баромадҳои ҳаваскорони ҳарбӣ биёянд, то ки дар байни аҳолӣ ва аскарони сурх алоқаи зич барпо гардад.

Вақте ки Ҳ. Мақсудов ва коркунони идораҳои маҳаллӣ ба ин клуб меомаданд, Шорохов дар мавзӯъҳои гуногуни сиёсӣ-хоҷагӣ, дар бораи ояндаи дурахшони ҳаёти озодонаи замони шӯроӣ сӯҳбатҳо мегузаронд.

Ҳ. Мақсудов то он вақтҳо забони русиро як қадар омӯхта буд ва агарчи бо душворӣ ҳарф мезад, бо рафиқони рус бе тарҷимон сӯҳбат карда метавонист.

пешина
аз 214
навбатӣ