Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳаминро низ гуфтан лозим, ки мувофиқи қарори ҳукумат шахсоне, ки то соли 1925 ихтиёран аз басмачигарӣ даст кашида таслим мешуданд, доғи босмачигарӣ аз онҳо бардошта мешуд.

Дере нагузашта аз аҳолии Қаротоғ отряди мусаллаҳи ихтиёрии 25-нафара ташкил карданд, ки як қисми он бо яроқи аз полки 46 гирифта шуда ва қисми дигараш бо яроқи дар ихтиёри Кумитаи инқилобӣ мавҷуд буда мусаллаҳ гардиданд. Ба отряд аввал Чонмаҳмад, сониян Абдураҳмон Азизов (соли 1937 бо туҳмат ӯро бадарға карда буданд ва соли 1943 аз набарди ҶБВ хабарномаи фавташ омад) сарвар таъин шуд. Вазифаи роҳбари сиёсӣ ба зиммаи Шарифи Рашид ном тотор, ки аз хизмати ҳарбӣ озод шуда буд, гузошта шуд. Сониянд ҳамин гуна отряд дар Регар (тумани Қаротоғ) ва дар Ҳисор (Хонақоҳ) низ ташкил шуданд.

Темур қурбошӣ бинобар кам шуда истодани одамонаш монанди саги девона худро ба ҳар тараф мезад, то ки таслимшавии оммавии йигитҳояш ва ҳалокати ногузири худро каме бошад ҳам кашол диҳад. Бо ҳамин мақсад дастаи парокандашудаистодаи худро ба дастаи Абдулазиз-қурбошӣ (аз Хонақоҳ) ва Мулло Раҷаб-қурбошӣ (аз Регар) муваққатан бошад ҳам муттаҳид намуд. Вай бо маслиҳатҳои дигар қурбошиён қарор дод, ки пеши роҳи ҳаракати муборизаи мусаллаҳи умумихалқиро гирад, яъне ба отряди Қаротоғ зарбаи сахт расонда, ҷанговарони онро аз хизмат намудан дар сафи ихтиёриён даст кашонанд ва бо ҳамин отрядро пароканда кунад.

Кумитаи инқилобии Қаротоғ дар назди худ комиссияи мубориза бо босмачиён ташкил кард, ки Кумитаи инқилобӣ ба вай роҳбарӣ менамуд, аъзоёнаш аз намояндаи қисми ҳарбӣ, вакили идораи сиёсӣ ва ду нафар намояндаи аҳолӣ иборат буд. Вазифаи комиссия ин буд, ки дар бобати ошкор намудани бошишгоҳи дастаи босмачиён ба қисмҳои ҳарбӣ ёрӣ расонад, отряди ҳарбӣ ва ихтиёриро бо роҳбаладҳо таъмин намояд, дар бораи таслим кунонидани босмачиён дар байни аҳолии шаҳру қишлоқ ташвиқот гузаронад, босмачиёни таслимшударо ба ҳисоб гирифта

пешина
аз 214
навбатӣ