Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
риши чандин нафар одамони бегуноҳ, асиронро дар ҷояш партофта, бо нӯкарони худ роҳи гурезро гирифтааст ва пеш аз гурехтанаш ба ин одамон гуфтааст: «Аз ман миннатдор шавед, ки ҳамаатонро накуштам. Агар қаротоғиён минбаъд ҳам ба ман зид бароянд, ягонтаашон зинда нахоҳад монд...».
Вақте ки дар ин бора ба аскарони сурх хабар расид, зуд аскар бароварда дастаи Темурро таъқиб намуданд, аммо ҳамон рӯз ёфтани он муяссар нагардид.
Рӯзи дигар одамони ҷабрдида (гӯшбурида, риштарошида)-ро ҷамъ оварда, митинги калон гузарониданд. Ин даҳшат ғазаби халқро боз якбора ба ҷӯш овард. Ваҳшигарии Темур чи қадар шиддат ёбад, фаъолияти халқ (хусусан аҳолии Қаротоғ) ҳам дар мубориза бар зидди басмачиён ва барои мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯрой рӯз то рӯз баланд мешуд. Иштироккунандагони митинг баъди нутқи Ҳ. Мақсудов қарор доданд, отряди ихтиёрии мусаллаҳ, ки бо ташаббуси кумитаи инқилобии Қаротоғ аз аҳолии он ҷо ташкил ёфта истода буд, мустаҳкам ва шумораи ҷангварони он зиёд карда шавад. Ҳамон рӯз бисёр ҷавонон ба отряд дохил шуданд.
Баъд аз ин ҳодиса таъқиби умумихалқии Темур сар шуд. Халқ даста-даста шуда, ба қисмҳои аскари сурх, дар нест кардани босмачиён роҳбалад мекард. Дар натиҷа босмачиён дар Қаротоғ ва Регар таслим шуданд, дар баробари ҳамаи он босмачиёne, ки фирефта шудани худро фаҳмиданд, барои ошкор намудани бошишгоҳи ғоратгарон ба мо ёрӣ расонданро сар карданд. Масалан, Шукур, Қориабдуҳамид, Бобоқул, Шодмон ва як қатор дигароне, ки дар охирҳои соли 1924 аз дасти Темур баромада таслим шуда буданд, аз ҳамин гуна касон ба шумор мерафтанд.
Баъдтар Шукурро босмачиён кушта буданд. Аз дасти мулло Раҷаб (қурбошии Регар) наздиктарин ёрдамчии вай Кокул қурбошӣ дастгир карда шуда бо ҳукми суди кушода дар Қаротоғ рӯзи бозор парронда шуд. Ҳалокати Кокул қурбошӣ, ки такягоҳи калони босмачиёни тумани Қаротоғ буд, дар байни дастаҳои ғоратгарон бесарусомонии калонеро ба амал овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё