Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Профессор А. П. Окладников соли 1938 аз қисми ғарбии қаторкӯҳи Ҳисор (Бойсунтоғ) аз ғори Тешик-тош наздикии дарёи Тургондарё (Пойандаруд) ҷасади заволёфтаи инсарбачаи 8—10 соларо дарёфт кард, ки ба гурӯҳи қадиман одами неандери тааллуқ дошт (3. саҳ.-10-11).
Қади одамони неандери 155—158 см, ҳаҷми мағзи сарашон 1400 см мукааб буд. Онҳо 150 ҳазор сол пеш, дар давраи яхбандӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо хусусиятҳои қанйбалӣ (одамхӯрӣ) доштанд ва 50—100 нафарӣ гурӯҳ-гурӯҳ шуда ҳаёт сар мебурданд. Хӯроки онҳо рустаниҳои худруй, гӯшти ҳайвонот буд ва онҳо аз сангу устухон олотҳо месохтанд, аз пӯсти ҳайвонот ба худ либос медӯхтанд. (Неандер номи дарё дар ҳудуди ҳозира ҶФГ, ки соли 1856 аз он ҷо низ, чунин одами қадима ёфт шуда буд). (5. саҳ. 109-110).
А. П. Окладников аз ғори дар боло номбаршуда 300 дона олотҳои сангин ва кварциро дарёфт. Дар баробари он скелети бузи кӯҳӣ ва сангҳои олотсозиро мушоҳида кард. Ӯ дар натиҷаи тадқиқотҳои солҳои 1948—1953 дар бораи баъзе осорҳои 6—5 ҳазор сол пеш аз милодӣ вуҷуд доштани Ҳисор маълумот додааст. Дар асбобҳои сангӣ дар манбаъҳои Ҳисор ошкоргардида техникаи қайроқсангӣ нағз ифода ёфтааст. Барои сохтани асбоб шикастани параҳаҳои санг, қайроқсангҳоро истифода мекарданд.
Ҳисориҳои қадим дар соҳилҳои дарёҳо, дар хонаҳои чӯбини оддӣ, ки фаршашон сангин будааст, умр ба сар мебурданд. Маҳаллаҳои онҳо аз як-якуним гектор майдон иборат будааст. Намояндагони қадимин Ҳисор аз рӯи маълумотҳо эҳтимол ба воситаи чорводорӣ ба иқтисодиёти истеҳсолӣ гузашта бошанд.
Солҳои 1947—48 археологҳо дар яке аз қабристонҳои Ҳисор косахонаи сари одамеро дарёфт карданд, ки нишонаҳои он асри биринҷиро ҳикоят мекард.
Аз ноҳияи Турсунзода (собиқ Регар) даҳмаи давраи биринҷии Тандирӣӯл кашф карда шуд, ки он давраҳои ҳазорсолаи II-и милодиро дар бар мегирад. Дар ин ҷо зиёда аз 20 қабр ёфт шуд, ки ҳамаи онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё