Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

БОБИ 1

ТАЪРИХЧАИ ҚАРОТОҒ

МАЪЛУМОТҲОИ УМУМИИ ТАЪРИХИ

Тоҷикон таърихи бой ва қадима доранд. Таърихшиносон гузаштаро бо имрӯз васл карда худшиносӣ меомӯхтанд. Бостоншиносони тоҷик Б. Ғафуров, А. Мухторов, М. Эркаев, Б. Искандаров, М. Ҳамроев ва дигар олимони ин соҳа дар тадқиқи таърихи тоҷикон ҳиссаи сазоворе гузоштаанд. Онҳо симои таърих ва тамаддуни халқ мебошанд. Гирдовардҳои бостоншиносони тоҷик аз ҳазору як сарчашма об хӯрда, асоси онро далелҳои илмии тадқиқоти сарзамини тоҷикон ташкил медиҳад. Забондонию ҷаҳондонии таърихшиносони тоҷик имконият дод, ки таърихи миллати худро ба таври комил барқарор намоянд.

Таърихшиносонро «сутуни илмҳо» гӯем ғалат намекунем. Чунки ҳар як илм таърих дорад ва таърихи онро таърихшинос ошкор менамояд.

Инак, баъзе маълумотҳои умумии таърихиро оид ба деҳаи Қаротоғ, ки дар қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза, дар сарҳади ғарбии ҷумҳурият воқеъ аст, шарҳ медиҳем.

Дар Тоҷикистони ҷанубӣ мувофиқи маълумотҳои таърихӣ 200–150 ҳазор сол пеш одамони пешазмилодӣ маскан гирифта буданд. Соли 1973 дар магзи зардҳоки Қаротоғи Ёвон ва сипас дар ҳафт ҷои ҷануби Тоҷикистон дар магзи хокҳое, ки дар чуқурии 50–65 метр воқеъанд, олоти сангӣ ба даст омад. Ҳафриёти ду бошишгоҳ, бошишгоҳи Қаротоғи-1 ва Лоҳутӣ-1 нишон дод, ки дар ин ҷо нишонаҳои бошишгоҳи нав, осори маданияти то ба ҳол номаълуме ҳастанд, ки он маданияти Қаротоғ ном гирифт. Ин қабати археологӣ 200–150 ҳазор сол таърих дорад... Маданияти Қаротоғ аз ҷиҳати таснифоти худ ба маданияти қайроқсанг мансуб аст ва аз маданияти Суонии нимҷазираи Ҳиндустон ягон фарқи қазоӣ надорад. Суоний давраи қайроқсанг — палеолити нимҷазираи Ҳиндустон мебошад (2 саҳ.-14).

пешина
аз 214
навбатӣ