Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Ҳар коре ки ба сомон расонидем, қарзи диёрдорӣю ниёздорӣ буд ва панди падарам «Деҳа тарбиятгару номбардор ва аламбардору тобутбардори ман аст», моро ба ин кори хайр ҳидоят намуд.
Мақсади навиштани ман дар рисола инҳоянд:
Ҳар сол ҳазорҳо меҳмонон ба деҳаи Қаротоғу ноҳияи Турсунзода қадам ранҷа мекунанд ва ба саволҳои таърихию ҷуғрофии хеш посух меҷӯянд. Ҳар як бошандаи ноҳия орзуи донистани таъриху ҷуғрофияи ноҳияи хешро дорад. Барои мактабиёни имрӯза ҳисси кишваршиносию ватанпарварӣ торафт меафзояд. Таъриху ҷуғрофияи ноҳия як ҷузъи таърихи миллату ҷуғрофияи Тоҷикистон аст. Тӯҳфаи хешро ба 80-умин солгарди шоири бузурги Шарқ Мирзо Турсунзода мебахшам.
М. Турсунзода дар ситоиши модару зодгоҳаш дар шеъри «Модарам» меҳру муҳаббати бепоёни худро басо пурэъҷоз ба қалам додааст:
Модарам, дар ёди ту гашту гузоре мекунам,
Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам,
Хизмати шоиста бар ӯру диёре мекунам,
Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам.
Дӯст дорам, модарам бо ёди ту қишлокро,
Рудҳои нуқрагин нилгун офоқро,
Чилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,
Ҳамзамонон қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро.
Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам.
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам! (1 саҳ. 175).
Хонанда дар рафти мутолиаи рисола бо таъриху маданияти аҳолии деҳаю ноҳия дар давраҳои гуногуни таърихӣ шинос мешавад. Мавзӯъҳои хурду калон дар шакли рукнҳои таърихию ҷуғрофӣ пешкаш шудаанд. Ҳангоми навиштани рисола аз маъхазҳои зиёде истифода кардем, ки бисёрашон бо кӯшиши мо аввалин бор ҷамъ оварда шуд. Аз ин рӯ ҳар ду осорхонаи Қаротоғ санадҳои таърихии рисола мебошанд.
Ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳриру чопи рисола хизмати хешро дареғ надоштанд, изҳори миннатдорӣ менамоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё