Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

он қадар чуқур нестанд, баъзеи онҳо лаҳад ҳам доранд.

Теппаи гӯрҳо бо тӯдаи сангпораҳо ишорат шудааст. Мурдаро дар гӯр паҳлӯнокӣ пойҳояшро қад карда мемондаанд. Аз ин гӯрҳо зарфҳои сершумор, шаддаҳои сангию биринҷӣ ёфт шуданд. Аз ду гӯр ҳайкалчаи гилин ба даст омад. ки ҳамто надорад. Яке аз ин ҳайкалчаҳо нисбатан кам зарар дидааст ва баландии он қариб 37 см буда, марди ришдореро тасвир мекунад, ки пойҳояшро дароз карда нишастааст... (2 саҳ.
37).

Дар деҳаи Яхоби соҳили дарёчаи Харкуши дараи Ширкент, самти шумолии ноҳияи Турсунзода, дар давраи мезолит ва неолит, ки 10-15 ҳазор солро дар бар мегирад, одамони ҷамъияти ибтидоӣ умр ба сар мебурданд.

Дар асрҳои VII - V-и пеш аз милодӣ қисми зиёди Тоҷикистони имрӯзаро ду вилоят, яъне Бохтар ва Суғд ишғол менамуд. Бохтар ноҳияҳои ҳозираи Тоҷикистони ҷанубӣ (водии Ҳисор, вилояти Қӯрғонтеппа). Суғд водии Зарафшон ва вилояти Қашқадарё аст.

Пойтахти Суғдҳо шаҳри Марқанд (ҳоло Самарқанд) ба шумор мерафт. Забонҳои суғдиён ва бохтарпиён ба ҳам монанд буданд (4. саҳ. 9-10).

Дар водии Ҳисори имрӯза шаҳрҳои калонтарини Чаганшон (назди Деҳнав), Аҳарун ва Шуман (дар ҷанубии Кофарниҳон) воқеъ гардида буданд. Шуман, ҳоло Душанбе, дар асрҳои VII — V маркази водии Ҳисор шуморида мешуд.

Подшоҳии Қӯшон асрҳои 1 — IV-и мелодиро дар бар мегирад. Қӯшон дар натиҷаи ҷангҳои мусаллаҳона қисмҳои шумолии Ҳиндустон ва қисми зиёди Осиёи Миёнаро забт карда буд. Осори замони ҳукмронии Қӯшонро димнаи дар наздикии деҳаи Қаротоғ буда собит менамояд.

Димнаи давраи Қӯшониён дар соҳили рости дарёи Қаротоғ, дар наздикии посёлкаи Шаҳринави ноҳияи Турсунзода дар ҶШС Тоҷикистон воқест. Соли 1946 қисми шимолу шарқии онро гурӯҳи Кофарниҳонии экспедицияи археологии Суғду Тоҷик ва соли 1955 гурӯҳи дар Ҳисор буда онро тадқиқ намудааст.
Қисми зиёди Шаҳринав дар зери киштзору сохтмонҳо

пешина
аз 214
навбатӣ