Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Эшони Тӯра, Қарим Заргар, Усто Латифӣ, (дар гузари Чуқурак) Қори домулло, Муллошоҳи элокичӣ, Суфӣ Бобоашӯр, Солеҳбоиҳо, Давлат-мирохӯр, дар гузари Сурхӣ масҷидҳои Ҳоҷӣ мулло Мирзомуроди элолчӣ. Хоҷарӯшной, Қорихона, Саидҷонбойбача, Қорихонаи Маҳсум ва як мадраса мавҷуд буданд.

Дар масҷидҳо бештар ҳоҷиҳо сарварӣ мекарданд.
Дар Қаротоғ бештар аз 20 ҳоҷӣ зиндагӣ мекарданд.
Ҳамон шахсонро ҳоҷӣ мешумориданд, ки ба Арабистон «Ҳаҷӣ — Акбар» карда, «Каъбатулло»-ро зиёрат карда бошанд. Зиёрати каъба кардагон: Ҳоҷӣ мулло Юсуф, Ҳоҷӣ мулло Саид, Ҳоҷӣ Заргар, Ҳоҷӣ Аъзам, Ҳоҷӣ мулло Муфтӣ, Ҳоҷӣ Бобокалон, Ҳоҷӣ Қорибошӣ, Ҳоҷӣ Мирзомурод, Ҳоҷӣ мулло Сиддиқ ва дигарон буданд.

ҲУНАРМАНДӢ ДАР ҚАРОТОҒ

Касбу косибӣ пешаи ҳунармандони деҳаи Қаротоғ аст. Ҳар як касб ба худ ному хусусияти хосро дорост. Танҳо ҳунармандӣ аз ибтидо, дар ҳар замону аср, поймардори деҳа гаштааст. Сайёҳону савдогарони кишварҳои дурдаст низ бо шӯҳрат ёфтани ҳунармандӣ дар Қаротоғ пои худро ба ин мавзеъ гузоштаанд.

Этнографи шинохтаи ҷумҳурӣ Н. П. Ершов таи чандин солҳо баҳри омӯзиши касбу кори ҳунармандони деҳаи Қаротоғ машғул гашта, дар китоби худ «Ҳунармандӣ дар Қаротоғ» мушоҳидаҳои хешро пурмаъно сабт намудааст. Ин китоби ягонаест, ки ҷамъбасти андешаҳои мардуми деҳаро оид ба касбу косибӣ ифода кардааст. Шахсан худи олим бо ҳамсараш таи чандин солҳо меҳмони косибони қаротоғӣ буд ва бо ҳислатҳои беҳтаринаш дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт. Имрӯз ҳам пиру ҷавони деҳа номи ӯро ба забон мегиранд ва дар ситоиши ӯ суханҳои нек мегӯянд. Оре, хизматҳои шоистаи олим арзандаи суханҳои неканд.

Н. Н. Ершов дар китобаш бештар ба касбҳои
маъмултарин — бофандагӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ,

пешина
аз 214
навбатӣ