Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

оҳангарӣ ва кафшдӯзӣ диққат додааст. Ҳар яке аз ин касбҳоро пурра таҳлил намуда, бо кори косибони дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ муқоиса намудааст. Ӯ бо ин кори хайр ҳам номи деҳаю ҳам косибони аз байн рафтаро зинда кард.

Касбу косибӣ дар Қаратоғ таи чандин асрҳо вуҷуд дорад ва то имрӯз бисёр намудҳои он боқӣ мондааст.
Чуноне ки шоир Анвари Суҳайлӣ фармудааст:

Шоҳ ба он тахт дораду тоҷ,
Ба зари косибон бувад мӯҳтоҷ.
(16. саҳ. 389).

Оре, касбу кор обрӯю эътибори мардуми ҳунарманд аст. Ҳамагон мӯҳтоҷи маҳсули дасти ҳунарманданд ва тамоми лавозимоти рӯзгор, хӯроку пӯшок, танҳо бо ҳунари дастони ҳунарманд истеҳсол мегардад.

Ҳар касбу ҳунар ифодагари таъриху маданият аст.
Маданияти касбу кори қаротоғиён зинда доштани таърихи ҳунармандист. Қаратоғро мардум «кони касбҳо» ба забон мегиранд. Зарбулмасали халқии қаротогиҳо «Дӯкон, ин кон аст» аз забони ҳар як ҳунарманд шунида мешавад. Сабаб дар он аст, ки асоси пешбурди рӯзгори онҳо ҳунармандию кор дар дӯкон аст.

Ҷалолиддини Румӣ фармудааст:

Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,
Касб кун, пас такя бар ҷаббор кун.

Ҳунармандони Қаратоғ бо бештар аз сад шоҳаи ҳунармандию косибӣ машғул буданд. Дар айни замон қисми зиёди ҳунарҳо бо сабаби пешрафти ҷомеа аз байн рафтаанд. Инак, бо номгӯи касбҳои пешинаву имрӯзаи мардуми Қаратоғ ва шарҳи он шинос мешавем:

р/т Номи касб Мафҳуми номи касб

1 Абрмон Бофандае, ки матои алочаи абр мебофад.
2 Аробакаш Марде, ки бо аспу ароба бор мекашонад.

пешина
аз 214
навбатӣ