Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
БАЪД АЗ ЗИЛЗИЛАИ ҚАРОТОҒ
Шаҳаншоҳе, ки лоиқ нест номаш, мурданаш матлаб, Шудаст ғози амир Абдулаҳадхон соҳиби мансаб.
Замин дар ларза омад, чил шабу чил рӯз пайваста, Ба шаҳр не коҳу айвон монд, не дӯкону не раста.
Ба дарбораш равад соил, бигӯянд: мир дар хоб аст, Ба пеши қозии ояд, ноибон гӯянд: бетоб аст.
Дилам аз бетамизиҳояшон як кӯза зардоб аст,
Қасам билло, раису миру қозии мурданибоб аст.
Куҷо шуд муфтии Қурбону чӣ шуд фатвову девонаш, Куҷо шуд хирмани кӯкнорашу хирвори афёнаш?
Низомиддин мирохӯр ку? Канӣ он базму давронаш? — Аҷал бигрифтааст имрӯз аз ҷайби гиребонаш.
Ба ҷои ошу нон онҳо шаробу бӯза мехӯранд,
Ба нимрӯзӣ кабобу шаккару самбӯса мехӯранд.
Аз ин боис ғазаб аввал ба ҷамъи ҳокимон омад,
Ба онҳо марги нимрӯзӣ ба ҷон ошу нон омад.
Дареғ аз Қаротоғу иморатҳою айвонаш,
Дареғ аз кӯчаю бозор, ҷавонону дабиронаш, —
Ба сад ҳасрат ба мақсад норасида аз ҷаҳон рафтанд, Ба як имои Азроил, тамомаш дав-давон рафтанд.
Нидои пурсадои дӯстон андар ҷаҳон омад:
«Биё, бедор шав, ки нашъаи дигар замон омад». (10—43).
Баъд аз зилзилаи Қаротоғ бисёр масҷидҳои шаҳри Қаротоғ аз нав барқарор карда шуданд. То солҳои 20-уми асри ХХ дар Қаротоғ як мадраса ва бештар аз 20 масҷид амал мекард. Ҳар як гузар дорон масҷиди худ буд. Чунончӣ, дар гузари Тошқӯрғон, масҷидҳои Ҳоҷӣ мулло Юсуф, Ҳоҷӣ мулло Сиддиқ, Санги Кабуд ва Ҳоҷӣ Азиз, дар гузари Чармгарӣ, масҷидҳои Кулолгарон, Чармагарон, Калтатой, дар гузари Далқон, (Чорбоғ), масҷидҳои Бӯрихон, Абдувахҳоб,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё