Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

номбаршуда боқӣ мондаанд. Иморатҳое, ки пештар бо гаҷ оро дода мешуданд, хеле кам боқӣ монданд. Дар зери сутунҳои хонаҳо ва масҷидҳо зерсутунҳои аз санги оҳаксанг тарошида гузошта мешуд. Ҳоло дар ҳар як масҷиди кӯҳна ин зерсутунҳо намудоранд. Қисми зиёди онҳо дар хонаҳо мушоҳида мешаванд.

Шоири боистеъдоди инқилобӣ Карим Девона (1878—1918) зилзилаи Қаротоғ ва оқибати онро чунин васл кардааст:

ЗИЛЗИЛАИ ҚАРОТОҒ

Тарки фармони худо кард олиму мири Ҳисор,
Гаштаанд ғофил ба фикри молу мулки бешумор,
Сарнагун шуд шаҳру бозору тамоми кӯҳсор,
Рафтаанд аз дори дунё одамон чандин ҳазор.


Аҳли фақр доим ба меҳнат кард иморатҳо бино,
Ҳокимони мулк ҳастанд фосиқу аҳли зино,
Нест адл бар ҳокиму бо қозинаш шарму ҳаё,
Эй худоё, золимон гарданд гирифтори бало!


Баъзе онҳо хӯрд арақ, бар даст гирифт ҷоми шароб,
Банд гардид кӯчаҳо аз касрати бангу шароб.
Шайху муллою сипоҳ ин мулкро карданд хароб,
Во дареғ, шаҳри Қаротоғ сар ба сар гардид хароб.


Сарф шуд умри азизи ту ба роҳи бандагӣ,
Беҳ бувад мурдан аз ин нокомию ин зиндагӣ.
Ҷабри золим бар сари бечорагон худ зӯр шуд,
Рафт инсоф аз ғаниён, чашми онҳо кӯр шуд.


Золимон аз ранҷи мазлум молу сим оранд ба каф,
Монда зор амбори гандум, бедаву коҳу алаф.
Раҳм аз доро бирафту ҷумла дилозор шуд,
З-ин сабаб ҳам аз раиси мо худо безор шуд.


Ҷунбиши ин зилзила аз олами асрор шуд, Як хабар бар мардуми бедодгару хунхор шуд. (10—42).

пешина
аз 214
навбатӣ