Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҲОТИМА

Таъриху ҷуғрофияи деҳаи Қаротоғу ноҳияи Турсунзода як ҷузъи ҷудонашавандаи таъриху ҷуғрофияи Тоҷикистон аст. Мо бо таъриху ҷуғрофияи як қисмати ҷумҳурият шинос гаштем. Ва ин шиносӣ пеш аз ҳама ҳар як бошандаи ноҳияро водор месозад, ки дар ривоҷу равнақ додани таъриху маданият ва иқтисодиёти ноҳия саҳмгузору ташаббускор бошад.

Чархи таърих гузаро аст ва аз ин рӯ, барои фарди имрӯзаю оянда чизеро мерос мегузорад ва фарди имрӯза гузаштаро омӯхта ба оянда баҳо медиҳад, беҳтаринашро қабул, ночизашро иқтисор менамояд. Ҳамаи воқеаҳои гузашта моҳияти таърихӣ доранд ва онро мо бояд таҳлил намоем.

Таърихи 1600-солаи деҳаи Қаротоғ бо ин гуфтаҳои боло ба охир намерасад. Навиштаҳои мо аз мушоҳида ва сарчашмаҳои илмию адабӣ оид ба таърихи Қаротоғу ноҳияи Турсунзода об мехӯранд.

Сокинони деҳаи бостонии Қаротоғ ба истиқболи 80-умин солгарди устоди назми тоҷик тайёрӣ мебинанд ва барои абадӣ гардондани хотираи дурахшони одамон, корҳои зиёдеро ба зимма гирифтанд. Дар давоми 2—3 соли охир бо усули ҳашар 10 меҳмонхонаро тармиму бунёд намуданд. Имрӯз ҳар як маҳалла соҳиби меҳмонхонаю масҷид аст. Барои ободонии роҳу кӯчаҳо ҳар як бошандаи он ташаббускорӣ нишон медиҳанд. Дар бунёди ёдгориҳои таърихӣ саҳми хешро гузоштанд ва мегузоранд. Пирони барнодили деҳа имрӯз дар барқарор намудани мадрасаи Қаротоғ ҳисса мегузоранд ва аллакай ба он мадраса номи «Оффққ-хоҷа»-ро гузоштанд. Мактабиён то рӯзҳои ҷашни шоир ба зиммаи худ бунёди мақбараи «Шаҳидони маскани зиё»-ро гирифтанд. Шӯрои деҳоти Қаротоғ ба мактабиён кӯмак расонида, боз дар рӯи санги хоро исму насаби нахустомӯзгорони мактаби деҳаро сабт намуд.

Сокинони деҳа дар рӯи санги мармарӣ сатрҳои таърихиро оиди «Зилзилаи Қаротоғ», «Шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Барқароркунандагони Ҳокимияти Шӯрой», «Адибони деҳа» ва дигар сатрҳоро сабт намуданд ва ба Осорхонаи ба номи М. Турсунзода тақдим карданд.

пешина
аз 214
навбатӣ