Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Бо мақсади бунёди комплекси меъморӣ дар назди Сӯрхонаи ба номи М. Турсунзода кумитаи ташкилӣ дар ноҳия амал мекунад. Аллакай бисёр корхонаю хоҷагиҳои ноҳия бо ин мақсад маблағ ҷудо намуданд.
Маркази ноҳия — шаҳри Турсунзода аз рӯи лоиҳаи меъморию таърихӣ ободу зебо гардида истодааст. Хонаи маданияти шаҳр то рӯзҳои ҷашн аз нав бунёд карда мешавад.
Дӯрдорию ниёздорӣ яке аз фазилатҳои накӯтарини инсонист. Мардум фарзандони ватанпарварро, ки симои таъриху тамаддуни халқанд, қадр мекунанд ва нисбати онҳо дар дил меҳр доранд. Ба андешаи хеш нисбати ниёгон хайрхоҳӣ кардан, шарафмандист. Баъд аз марги шахсе, ки рамақ дар тан надорад, қасос гирифтану арвоҳбозӣ кардан мардонӣ набуда, балки худшишондиҳию низоъхезонист.
Барқарор кардану бунёди ёдгориҳои таърихӣ, зинда гардонидани анъанаҳои беҳтарини миллӣ дар тарбияву камолоти ҳар як фард таъсири мусбӣ мерасонад ва ин амалиёт аз худшиносии мардум дарак медиҳад.
Тараққиёти минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Турсунзода ба бисёр омилҳо вобаста аст. Яке аз ин омилҳо самаранок истифода намудани сарватҳои замини ноҳия мебошад. Масъалаи бо манзил таъмин кардани аҳолӣ, истифодаи захираҳои меҳнатии сокинони деҳот ва бо озуқаворӣ таъмин намудани аҳолӣ ба ин омил алоқаманд аст.
Қисмати шимолии ноҳия аз доманакӯҳҳо иборат аст. Ва ин минтақаҳо то ҳол самаранок истифода намешаванд. Минтақаи зичи аҳолӣ дар заминҳои обёришудаю корам ҷойгир шудаанд. То охирҳои солҳои 70-уми асри чорӣ бисёр деҳаҳои дараи Қаротогро ба минтақаҳои пахтакорӣ муҳоҷир намуданд. Ин муҳоҷиршавӣ боиси танг шудани заминҳои обёришаванда гардид ва ба истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ таъсири манфӣ расонид. Деҳаҳои дар натиҷаи муҳоҷиршавӣ холишуда вайрон ва боғу токзорҳои онҳо ба чарогоҳ табдил ёфт. Мардуми кӯҳистон ба чорводорӣ, боғдорию токпарварӣ машғул буданд. Маҳсулоти ба даст овардан онҳо растаҳои бозорро пурбору пурфайз мекарданд. Баъди муҳоҷиршавии мардуми деҳот, дар соҳилҳои дарё ба ном бошишгоҳҳои истироҳатии коргарон бунёд ёфтанд. Мебоист дар ҳамвориҳои соҳили дарё деҳаҳо бунёд мегаштанду мардуми деҳот ба чорводорию зироаткорӣ шуғл меварзиданд. Бошишгоҳҳои истироҳатӣ бошад, ба шакли муттаҳида (комплексӣ) сохта мешуд.
Имрӯз бошад, ҳар як корхона бошишгоҳи истироҳатии худро бунёд намудааст.
Агар адирҳою доманакӯҳҳои самти шимолии ноҳия ба шакли сурфа ҳамвор карда мешуданду дар он ҷо мардум ба манзилсозӣ оғоз мекард, масъалаи ривоҷ додани боғдорию зироаткорӣ, чорводорӣ ва масъалаи бо кор таъмин намудани мардуми деҳот ҳал мешуданд.
Заминҳои киштшавандаю обёришаванда танҳо барои киштукори мавсимӣ истифода мешаванд. Хуб мешуд, ки аз як қисмати заминҳо ду маротиба ҳосил рӯёнанд. Барои ҳалли ин масъала бунёди гармхонаҳои мавсимӣ барои парвариши сабзавот зарур аст.
Мутахассисони хоҷагии қишлоқ оид ба ин масъала донишу таҷрибаи бой доранд. Дар ҳалли ин масъала ҷойи баҳс нест, деҳқонон ин усули корро дар заминҳои наздиҳавлигиашон то имрӯз таҷриба кардаанд.
Минтақаҳои буттазору ҷангалзорҳо низ самаранок истифода намешаванд, меваю ҳосили онҳо пурра ҷамъоварӣ карда намешаванд, сабаб дар он аст, ки захираҳои меҳнатӣ самаранок истифода нашудаанд.
Агар барои ҷамъоварии меваи настаран, бодоми ёбӣ ва дигар рустаниҳои шифобахш деҳқонони алоҳида ҷалб карда мешуданд, аз аҳамият холӣ набуд.
Зери замин аз сатҳи замини ноҳия аз ҷинсҳои кӯҳӣ-оҳанксанг, доломит ва дигар масолеҳи бинокорӣ бой аст. Зарурати бунёди корхонаҳои оҳакпазӣ, хиштпазӣ ва кулолгарӣ берун аз минтақаҳои аҳолинишинро ба миён меоварад. Барои ташкили чунин корхонаҳо тамоми шароитҳо фароҳам мебошанд. Мавҷудияти роҳи нақлиёт, қувваи барқ ва захираҳои меҳнатӣ заминаи бунёди онҳо мебошанд.
Масъалаи муҳимтарини дигари иқтисодӣ ҳал намудани ҷалбшавии занони деҳот ба ҳунарҳои бадеию халқӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё