Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

1928 як гурӯҳи калони деҳқононро барои таҷрибаомӯзӣ ба устохонаҳои роҳи оҳани шаҳри Москва фиристод. Масолеҳи роҳи оҳанро аз шаҳрҳои Полторацк, Астрахан ва дигар шаҳрҳо оварданд. Роҳи оҳан ду моҳ пеш аз мӯҳлат, якуми сентябри соли 1929 анҷом ёфт, хати роҳи оҳан то вокзали Душанбе расонда шуд, аввалин поезди коргарӣ, баъди 11-уми сентябр поезди мусофиркашон, ки онро сардори Идоракунии сохтмони роҳи оҳан В. Ч. Карямов ва дигарон идора мекарданд, ба ин ҷо омад (25, саҳ. 416).

Дар айни замон бо ин роҳи оҳан 45 поезди гуногун равуо доранд. Ҳоло поезде, ки сӯи Тоҷикистон меояд, аввал вориди ноҳияи Турсунзода мегардад. Бинобар ин ноҳияро «Дарвозаи Ғарб»-и ҷумҳурӣ меноманд. Дар ноҳия ду истгоҳи поезд, яке дар шаҳрчаи Пахтаобод ва дигаре дар шаҳри Турсунзода воқеъ аст. Қайд кардан лозим аст, ки нақлиёти роҳи оҳан ба шаҳри саноатии Турсунзода мӯҳияти аввалиндараҷа дорад. Ашёи хом барои соҳаҳои саноат бештар бо роҳи оҳан кашонда мешаванд.

Хатҳои кӯтоҳи роҳи оҳан аз роҳи оҳани марказӣ ба корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода кашида шудааст (63).

Роҳи оҳан дар робитаҳои иқтисодии ноҳия аҳамияти калони иқтисодӣ дорад ва боиси инкишофи савдои берунии ноҳия гардидааст.

Маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳия дар мубодилаи савдои хориҷӣ бароварда мешавад. Дар баробари он мубодилаи ашёи хом низ байни корхонаҳои саноатӣ мамлакатҳои социалистию капиталистӣ амал менамояд. Чунончӣ, корхонаи арзизии ноҳия бо Япония, ҶФГ, Финландия, Голандия ва бо мамлакатҳои Куба, Румыния, Югославия, Болғория, Польша, Венгрия, Чехословакия ва дигар давлатҳо ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ дорад. Корхонаи пахтатозакунии ноҳия маҳсулоти худро дар мубодилаи савдои хориҷӣ бо давлатҳои капиталистӣ — Япония, Финландия, Британияи Кабир, ҶФГ, Испания ва бо давлатҳои ҷаҳони социалистӣ — Польша, Чехословакия, Венгрия, Югославия, Румыния, Болғория, ҶДГ ва Куба мебарорад (86).

пешина
аз 214
навбатӣ