Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Самарқанд - Ҳисор мегузашт. Нақлиёти он замон аслан аспу маркаб ва уштур ҳисоб меёфт. Роҳҳои ноҳия вайрона ва пурҳатар буданд.
М. Турсунзода дар достони «Ҳасани аробакаш»
дар ин хусус гуфтааст:
Рӯзе ҷою шакар ман аз Тирмиз
Бор бинмуда раҳсилор шудам,
Дар сари роҳи Деҳнаву Регар,
Ман ба ғоратгарон дучор шудам.
(32, саҳ. 186).
80 фоизи аҳолии ноҳия аз роҳҳои автомобилгарди байни ҷумҳуриятҳои Осиёи Миёна истифода мебарад.
Дарозии роҳҳои автомобилгарди ноҳия 521,8 километр мебошад. Аз он 434,2 км роҳҳоеанд, ки нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияро ба шаҳр мепайванданд. Дарозии роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ 29,6 км.
Аз соли 1965 дар шаҳри Турсунзода (собиқ Регар) бошишгоҳи автомобилии № 15 амал менамояд. Дар айни замон дар бошишгоҳи автомобилӣ 161 автомобили боркаш, 129 автобус, 48 автомобили сабукрави мусофиркашон ва чандин автомобилҳои худхизматрасонӣ мавҷуданд (70).
Дар ҳудуди ноҳия дарозии роҳи оҳан 21 км аст.
Аз ноҳия роҳи оҳани Тирмиз — Душанбе мегузарад.
Хати роҳи оҳани васеъбари Тирмиз — Душанбе - Янгибозор дар давоми солҳои 1926 - 30 сохта шудааст,
дарозиаш 256 км мебошад.
Вазифаи асосии ин роҳи оҳан пайвастани пойтахти ҶШС Тоҷикистон ба шабакаи роҳҳои оҳани ИҶШС
буд. Комиссияи назди Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б)
аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва сиёсии роҳи оҳанро ба
назар гирифта, моҳи май соли 1925 масъалаи сохтмони
онро ба миён гузошт. Ноябри соли 1925 корҳои тайёрии сохтмони роҳи оҳанро оғоз намуданд. Қитъаи
якум; Тирмиз - Регар дарозиаш 150 км, солҳои 1926
— 1927, қитъаи дуюм: Регар—Душанбе дарозиаш 70
км, солҳои 1927 — 29 ва сеюм; аз Душанбе то Янгибозор дарозиаш 36 км соли 1930 сохта шуд. Дар сохтмони роҳи оҳан 3 ҳазор коргарон, ки сеяки онҳо аз
миллатҳои маҳаллӣ ва қисми зиёдашон мардикорон
буданд. кор карданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ охири соли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё