Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Кашидадӯзӣ, чармпазӣ, оҳангарӣ, собунпазӣ ва дигарҳо аз байн рафтаанд. Агар дар деҳа қисматҳои ин пешаҳо аз нав ташкил шавад, боиси бо кор таъмин гардидани мардум ва аз нав зинда гаштани ин пешаҳо мешавад. Ҳунарманддон дар маҳаллаҳо имрӯзҳо ангуштшуморанд. Сабаб он аст, ки шароити хуби ҷалб намудани ҳунармандон то имрӯз фароҳам оварда нашудааст.

ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚИ НОҲИЯ

Асоси иқтисодиёти ноҳия хоҷагии қишлоқ аст. Соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқи ноҳия, пахтакорӣ, анҷибарпарварӣ, боғу токдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ мебошад. Ноҳия 5 колхози пахтакорӣ дорад: колхози ба номи Ленин (майдони хоҷагиаш 67653 га), колхози ба номи «Анҷумани XX ҳизб» (50885 га), колхози ба номи «Коммунизм» (39763 га), колхози ба номи Калинин (49598 га), колхози «Дӯстӣ» (18813 га), совхози «Правда» (19065 га).

Дар ноҳия боз як совхози сабзавоткорӣ, як совхози анҷибарпарварӣ, як совхози боғу токпарварӣ, хоҷагиҳои ёрирасони корхонаҳои саноатӣ, инчунин комплекси байниколхозии чорвопарварӣ ва фабрикаи байнихоҷагии паррандапарварӣ мавҷуд аст (20, саҳ. 456).

Колхозу совхозҳо ва дигар хоҷагиҳои давлатии ноҳия дар ихтиёри худ қариб 23 ҳазор гектар киштзор, аз ҷумла 14,4 ҳазор гектараш заминҳои обӣ мебошанд. Ҳар сол дар ноҳия бештар аз 29 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда мешавад (70).

Шумораи чорвои шохдор дар ноҳия охири соли 1989 ба 14443, гӯсфанд — 85019, хук — 10440, асп — 1001 сар расид (70).

НАҚЛИЁТ ВА РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ

Ҳудуди ҳозираи ноҳияи Турсунзода аз қадим роҳи тиҷоратии давлатҳои Осиё ва Осиёи Миёна буд. То ҳатто аз дохили деҳаи Қаротоғ роҳи пиёдагарди

пешина
аз 214
навбатӣ