Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

«мурғобӣ», хурмаи Қаротоғӣ, зарфҳои ширнигоҳдог обхуракҳо, аспаку ҳуштакҳо ва дигар зарфҳои ороишӣ. Аз соли 1987 инҷониб ҳумдонҳои барқӣ ба истифода дода шуданд.

Имрӯз 6 ҳумдони барқӣ моҳе ба миқдори 200—220 ҳазор сӯмина маҳсулот мебарорад. Маҳсулоти корхона сифати хуб дошта, рӯзгори мардумро зеб медиҳад.
Сардори корхона Убайдуллои Мирзоумар дар бунёди артелҳои нахустини кулолгарӣю бофандагӣ аз соли 1970 саҳми сазовор гузоштааст. Сарвари корхона, дар деҳаи Қаротоғ дар барқарор намудани осиёб, чувоз ва ёдгориҳои таърихӣ саҳми сазовор гузошт. Дар ҳалли масъалаи муҳофизати муҳити зист ба кумитаи қишлоқӣ ташаббускорӣ нишон дод. Дар назди корхона масъалаи васеъ намудани коргоҳ, ҷалб намудани занони маҳаллӣ ба касбу кори ҳунармандӣ ва ташкили хоҷагии ёрирасон истодааст.

Коргоҳи ҳунарҳои бадеию халқии иттиҳодияи «Дилором» имрӯз ба бофтани матои бекасаб, гилеми нахаш пахтагин ва салла равона шудааст. Соли 1990 корхонаи номбурда, ба маблағи бештар аз 400 ҳазор сӯм маҳсулот истеҳсол намуд. Бофтани матои бекасаб моҳе 10 ҳазор метр, салла 2 ҳазор метр, гилем 1000
— 1200 метрро ташкил менамояд. Ашёи хом барои бофтани матои бекасаб аз шаҳрҳои Красноярск, Москва ва Киев оварда мешаванд. Матои бекасаб аз нахи канаб ва нахи пахта бофта мешавад.

Аз 7 январи соли 1986 коргоҳ матои бекасаби васеъбар, аз моҳи ноябри соли 1989 гилеми наҳаш пахтагин истеҳсол менамояд.

Дар ибтидои соли 1991 шумораи коргарони корхона 242 нафарро ташкил кард, ки аз он ҷумла 222 нафарашон занон буданд. Дар нақшаи ояндаи корхона, кушодани қисматҳои дӯзандагӣ, дар асоси матон истеҳсол кардаи корхона истодааст. Сарвари корхона Саидмуроди Иноят барои ҷалб намудани занҳои хонанишини деҳа ба кор кӯшиш менамояд.

Гуфтан бамаврид аст, ки ҳунармандӣ барои мардуми деҳаи Қаротоғ пешаи авлодист. Ҳар як фарди калонсоли он пешаи ба худ хос дорад. Аз ин рӯ ҷалб намудани онҳо ба коргоҳҳои маҳаллӣ яке аз масъалаҳои муҳими имрӯзаи ноҳия мебошад. Имрӯз касбҳоӣ.

пешина
аз 214
навбатӣ