Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мекарданд. Соли 1976 Вазорати саноати маҳаллии ҷумҳурӣ пешаи косибони деҳаро ба эътибор гирифта, корхонаи ҳунарҳои бадеии халқии иттиҳодияи «Дилором»-ро ташкил намуд. Дар ин коргоҳ дар ибтидо дастгоҳҳои алочабофӣ, гилембофӣ, қолинбофӣ ва истеҳсоли зарфҳои сафолин ба роҳ монда шуданд. Баъдтар дастгоҳҳои беқасаббофӣ ба кор андохта шуд. Соли 1983 дар корхона 102 нафар занон ҷалб карда шуданд. Худи ҳамин сол 133,5 ҳазор метр матои беқасаб бофта шуд. Аз соли 1984 сар карда дастгоҳҳои барқии калобаресӣ, калобачафӣ, гармидиҳии буғӣ ба истифода дода шуданд. Имрӯз дар ин коргоҳ қариб 300 нафар коргарзанону ҷавонмардон машғули коранд. Коргоҳ ба ду қисм ҷудо мешавад, яке қисмати корхонаи иттиҳодияи «Дилором», дигаре қисмати корхонаи «Рангубор»-и шаҳри Душанбе. Корхонаи «Рангубор»-и ш. Душанбе яке аз қисматҳои худро бо ҷумла дастгоҳҳои кулолгарӣ, 1-уми декабри соли 1986 ташкил намуд. Дар коргоҳ ибтидои соли 1991 46 нафар коргарон кор мекарданд, ки 50 фоизи онҳоро занҳо ташкил менамуданд. Корхона бештар аз 27 намуди зарфҳои ороишии кулолӣ истеҳсол менамояд. Чунончӣ, кӯзаи «Қаротоғ», чойники идона, чойники

Зарфҳои аз қолаб баровардаи корхонаи
«Рангубор»-и деҳаи Қаротоғ.

пешина
аз 214
навбатӣ