Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
ва цехи анодтайёркунӣ, як шӯъбаи рехтагарӣ ва цехҳои ёрирасон — энергоцех, анборҳои глинозём сохта ба истифода дода шуд.
Барои тайёр кардани арзиз аз ашёҳои хоми зерин истифода мебаранд; глинозём, криолит, фториалити арзиз, анод (массаи асосии графит).
Дар ИҶШС ашёи хом барои корхонаи арзиз бисёр аст, аммо конҳое, ки таркиби маъданашон аз 60 фоиз кам арзиз дорад, истифода бурда намешавад. Ҳоло дар корхона глинозём, криолит ва фториалити арзизро аз дигар давлатҳо оварда истодаанд.
Баъзан ашёи хомро аз Урал низ меоранд. Анодро дар худи Тоҷикистон истеҳсол менамоянд. Дар ИҶШС 13 намуди арзиз мавҷуд аст, ки намуди пурқиммати он дар просесси электролиз ҳосил карда мешавад. Корхонаи арзизии тоҷик аввалин корхонаест, ки бо аноди тафсон кор мекунад. Сохти корхона ба корхонаҳои арзизии Франция монанд аст.
Ба корхонаи арзизии шаҳри Турсунзода энергияи электр бо хати баландшиддати 500 квт аз ГЭС-и Норак меояд.
Соли якуми панҷсолаи сифат ва самаранокии корхона истеҳсоли металли намуди «А-8» ва «А-85»-ро ба роҳ монд. Устодони моҳири корхона ба гирифтани 99,85 фоизи металли «болдор»-и тоза муваффақ гардиданд. Бисёр намудҳои металли «болдор» сазовори Нишони давлатии сифат гардидааст. Дар панҷсолаи 12-ум цикли истеҳсолии корхона васеъ гардида, сифати маҳсулоти он беҳтар мегардад.
Проблемаи муҳимтарин дар назди коргарони корхона аз он иборат аст, ки сарфаю сариштакориро ба роҳ монанд, инчунин барои тоза кардани газҳои оксид, атрофи корхонаро кабудизор карда, боғҳо бунёд намоянд.
Корхонаи арзизии тоҷик соли 1980 дар ёздаҳ моҳи охир ба маблағи 454 миллиону 166 ҳазор сӯм маҳсулот баровард. Ва аҳд карда шуд, ки то охири сол ин миқдор ба 457 млн. 900 ҳазор сӯм расонида шавад.
Дар айни замон корхонаи арзиз бештар аз 30 намуди маҳсулоти эҳтиёҷоти халқро истеҳсол менамояд (58).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё