Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Корхонадорон хоҷагиҳои ёрирасон ва минтақаҳои истироҳатии коргарон мебошад. Минтақаи истироҳатии коргарони корхона, дар соҳили дарёи Қаротоғ қомат афрохтааст. Аз он на фақат корхонаи номбаршуда, балки тамоми аҳолии ноҳия самаранок истифода мебарад. Ба корхонаи пахтатозакунии ноҳия, депутати Шӯрои Олии ИҶШС Манони Ҳасан сарварӣ менамояд. Ӯ 20 сол инҷониб сардори бебадали корхона буда байни мардуми ноҳия яке аз барумандтаринҳо аст.

Пахта боигарии мост. Танҳо аз як килограмм пахта 5 метр матои борпӯш, аз як килограмм пундонаи он 170 грамм равған, 400 грамм пӯчоқ, 300 грамм шулҳа истеҳсол мекунанд. Аз як тонна шулҳа 80 литр спирт, 23 литр ангиштоб, 20 литр уксус гирифтан мумкин аст.

КОРХОНАИ АРЗИЗИ (АЛЛЮМИНИИ) ТОҶИКИСТОН

Корхонаи арзизи Тоҷикистон, яке аз корхонаҳои азими саноати металлургияи рангаи мамлакатамон мебошад. Дар солҳои панҷсолаи нуҳум бунёд карда шуд. Арзиз ба энергияи барқӣ талаботи калон дорад, ки барои истеҳсоли он дар ҷумҳурият имкониятҳои фаровон мавҷуд аст.

Сохтмони корхона соли 1961 оғоз ёфт. Лоиҳаи асосии корхонаро кормандони Донишкадаи умумииттифоқии лоиҳакашӣ доир ба санъати алюминий-магнию электроднии Ленинград кашидааст. Қисми лоиҳаи электротехникиро Донишкадаи давлатии лоиҳакашии «Тажпромэлектропроект»-и ба номи Якубовскии дар ҶШС Узбекистон ва шӯъбаи дар Ленинград будаи он, масъалаи бо об таъмин намудани корхонаро шӯъбаи дар Қазоқистон будаи Донишкадаи лоиҳакашии «Водоканалпроект» ва лоиҳаи шаҳри металлургро «Тоҷикгипрострой» дар ҳамкорӣ кашидаанд.

21-уми марти соли 1975 аввалин корпуси электролизи ба истифода дода шуд. Аввалин металли «болдор» 31-уми марти соли 1975 истеҳсол карда шуд (68). Аз соли 1975 то имрӯз 5 корпуси электролизӣ

пешина
аз 214
навбатӣ