Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
КОРХОНАИ ЧИНИБАРОРИИ ШАҲРИ
ТУРСУНЗОДА
Корхонаи чинибарории шаҳри Турсунзода дуюмин корхонаи калонтарини ноҳия мебошад. Корхона бо номи «Гули санг» машҳур аст, чунки маҳсулоти корхона сангӣ гулдор мебошад.
Сохтмони корхона соли 1976 аз рӯи лоиҳаи ГПИ-3 шаҳри Ленинград оғоз ёфт. Маҳсулоти аввалинро 23-уми феврали соли 1981 бароварданд. Ашёи хоми каолин аз Украина, пирматит аз Мурманск (нимҷазираи Кола) ва реги кварцдор аз ҳавзаи Қурғончии вилояти Ленинобод оварда мешавад. Корхона дар давоми соли 1990 ба маблағи 16 миллиону 624 ҳазор сӯм маҳсулоти чинигӣ истеҳсол намуд, ки шумораи он ба 16 миллиону 639 ҳазор дона расид. Дар айни замон корхона бештар аз 13 намуди маҳсулот истеҳсол менамояд.
Корхона дорои чунин цехҳои истеҳсолӣ мебошад: лойтайёркунӣ, қолипрезӣ, пухтани маҳсулоти хом, гулпартой, ба навъ ҷудокунӣ, хушккунӣ ва маҳсулоти тайёр.
Цехҳои ёрирасони корхона: цехи ҳаводиҳӣ, энергиядиҳанда, механикӣ, кафшеркунӣ ва цехҳои ёрирасони корхона мебошанд.
Корхона бо техникаи навтарин таҷҳизонида шудааст. Масъалаҳои муҳими дар назди корхона буда инҳоянд: а) аз нав кор кардани ашёи хом; б) истеҳсоли маҳсулоти бепартов; в) истифодаи маъдани гранити

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё