Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

карда онро бо роҳи қаламча зиёд намуд. Равғани анҷибарро аз баргу гули он бо роҳи буғронӣ ба даст меоваранд. Дар ибтидо равғани эфирро ба ангишти мусус тар мекарданд. Ангишт равғанро ба худ кашида мегирифт. Ва онро дар қуттиҳо ҷой кунонда, рӯяшро бо қалъагӣ кафшер менамуданду ба ҷои лозима мефиристоданд. Дар он ҷо аз ангишт равғанро ҷудо менамуданд. Дар айни замон равғани анҷибар дар шишаҳои махсус гирифта мешавад. Дастгоҳҳои имрӯза аз барги анҷибар равғанро то чакраҳои охиринаш ҷаббида мегирад. Анҷибар ашёи хомест барои саноати атриотии мамлакатамон. Равғани анҷибарии ноҳия ба фабрикаҳои аттории Москва ва Ленинград фиристода мешаванд. Атру собун ва ҳамираҳои хушнакҳат маҳсули равғани анҷибар аст. Сифати равғани эфири анҷибар аз рӯи миқдори гераниол ва цитронеллонли таркиби он муайян карда мешавад. Равғани анҷибарии гулобӣ 51,8 фоизро ташкил менамояд. Қариб 70 фоизи равғани анҷибари ИҶШС дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад (85. саҳ. 207).

Соли 1979 совхозу колхозҳои анҷибарпарварӣ муттаҳид карда шуд ва совхоз — заводи «Эфиронос» ном гирифт. Дар он ҷо ҳам майдони таҷрибавӣ мавҷуд асту ҳам корхонаи истеҳсоли равғани анҷибар.

Соли 1989 дар майдони 540 гектар анҷибар кишт карда шуд ва аз он 8706 тонна баргу пояи сабзи анҷибар рӯёниданд. Соли 1990 дар майдони 484 га анҷибар кӯчат карда шуд, ки аз он 11830 тонна баргу поя рӯёниданд. Аз ин миқдор баргу пояи анҷибар 10911 кг равған гирифта шуд. Аз як тонна гулу барг як кг равған гирифта мешавад. Хоҷагӣ танҳо аз анҷибар 3 миллион сӯм даромади соф гирифт. Дар назди совхоз — завод 5 гектар гармхона вуҷуд дорад. Ибтидои соли 1991 дар хоҷагӣ 800 нафар коргарон кор мекарданд, ки 500 нафарашон занону духтарон буданд (80).

КОРХОНАИ ПАХТАТОЗАКУНИИ НОҲИЯ

Сохтмони корхона соли 1937 оғоз ёфт ва моҳи сентябри соли 1938 ба истифода дода шуд. Соли

пешина
аз 214
навбатӣ