Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. 25 сентябр се бригадаи истеҳсолӣ ба кор оғоз намуд. Дар ибтидо қувваи барқ аз энергиядиҳандаи дизелӣ гирифта мешуд. Аввалин дизеле, ки дар ин корхона истифода шуд ДР—400 (Дизел революция) ном дошт. Дар ибтидо корхона дорои 6 дастгоҳи сохташ содда иборат буд ва моҳе ба миқдори як ҳафтаинай имрӯза пахта тоза мекард. Соли 1948 дар асоси чигити пахтаи корхона заводи равғани пахта ба роҳ монда шуд ва баъдтар он барҳам хӯрд. Дар давоми солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 252 нафар коргарони корхона ба набарди ҷангӣ даъват карда шуданд. Имрӯз бошад, дар даромадгоҳи корхона ба хотираи шаҳидони ҶБВ, ки аз ин корхона ба набардҳо даъват шудаанд, поясанги хорогӣ гузошта, исму насаби онҳо сабт карда шудааст.

Соли 1946 дар корхона энергиядиҳандаи дизелӣ «Фултон—775» гузошта шуд. Дастгоҳҳо бо муҳаррикҳои барқӣ кор мекарданд.

Корхона аз соли 1965 аз энергиядиҳандаи дизелӣ пурра ба энергиядиҳандаи барқӣ гузашт. Дар айни замон дар корхона технологияи нави ҳозиразамон васеъ истифода мешаванд. Корхона дорои 4 цехи пахтатозакунӣ, 4 цехи хушккунӣ ва дигар цеҳҳои ҷудокунию тойбандӣ, пахтазанию ёрирасон (дар асоси партовҳо) мебошад. Иқтидори пахтатозакунӣ ва истеҳсоли нахи пахта вобаста ба қабули пахта аз дигар ноҳияҳо мебошад. Чунончӣ, соли 1983 ба миқдори 85 ҳазор ва соли 1990 75 ҳазор тонна тоза карда шуд. Истеҳсоли солонаи нахи пахта аз 23 ҳазор то 24 ҳазор тоннаро ташкил мекунад. Соли 1989 48 фоизи пахта, соли 1990 65 фоизи ба содирот бароварда шуд (82).

5 сентябри соли 1988 корхонаи пахтатозакунӣ 50-солагии таъсисёбии худро ҷашн гирифт. Дар давоми ним аср корхона ба миқдори 3 миллиону 276 ҳазор тонна пахта, аз он ҷумла, як миллион тонна нахи пахта истеҳсол кардааст. Дар давоми 50 соли мавҷудияти корхона, ба миқдори 2,5 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол намуд. Ва агар миқдори нахи ба матоъ табдил ёфтаи корхонаро ҳисоб кунем, 11 миллиону 205 ҳазор километрро ташкил менамояд (66). Соли

пешина
аз 214
навбатӣ