Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

он аст, ки ангишт аз ҳавзаҳои калони ИҶШС ба ҷумҳурии мо оварда мешуданд.

Дар деҳаҳои дараи Қаратоғ дастгоҳҳои хурди истеҳсоли равғани арча низ ба роҳ монда шуда буд.
Равғани арчаро ҳамчун масолеҳи хушбӯй атриётӣ ва истеҳсоли дору истифода мебурданд. Баъд аз солҳои ҷангӣ ин дастгоҳҳо низ барҳам дода шуданд. Инчунин дастгоҳҳои шаробкашӣ дар бисёр деҳаҳо амал мекарданд ва онҳо ҳангоми муттаҳид шудани корхонаҳои шаробкашӣ аз байн рафтанд.

Имрӯз таркиби соҳаҳои саноати ноҳия бо кулли тағйир ёфтанд. Дар ноҳия корхонаи калонтарини истеҳсоли фулузи арзизи ИҶШС, корхонаи зарфҳои чинӣ, иттиҳодияи пахтатозакунӣ, масолеҳи бинокорӣ, заводи ордкашӣ ва корхонаҳои саноати маҳаллӣ амал мекунанд. Дар корхонаҳои номбаршуда таҷҳизотҳои нави техникаи ҳозиразамон васеъ истифода мешаванд.

Яке аз масъалаҳои муҳими корхонаҳои саноатии ноҳия васеъ ва пуриқтидор намудани онҳост. Дар ҳамон корхонаҳо дар масъалаи муҳофизати муҳити зист ва аз нав кор кардани партовҳо эътибори махсус дода мешавад. Вазифаи дигари корхонаҳои саноатӣ ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар маҳаллаҳо мебошад.

СОВХОЗ — ЗАВОДИ «ЭФИРОНОС»

Соли 1931 дар ноҳия заминҳои бунёди совхози анҷибарпарварӣ — «Эфиронос» ба миён омад. Соли 1932 барои таҷриба дар майдони як гектар замин аз ҶМШС Абхазия қаламчаи анҷибар(герань) оварда кӯчат карда шуд. Анҷибар дар аввал каммаҳсул буд. Онро на дар як совхоз, балки дар колхозҳо ҳам кишт карданд. Анҷибар буттаи ҳамешасабзест, ки дар шароити Тоҷикистон зироати яксола мебошад. Ватани анҷибар Африкаи Ҷанубист (67).

Анҷибари пурнақҳате, ки дар Тоҷикистон кишт
мешавад, бори нахуст олими шӯроӣ М. В. Козев соли 1932 аз меҳмонхонаи хурдакаки Суҳумӣ дарёфт

пешина
аз 214
навбатӣ