Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

раиси Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони Пахтаобод, солҳои 1945—1952 раиси колхози ба номи Тельман ноҳияи Ленин. Солҳои 1953—56 сардори «Селхозснаб», солҳои 1956—1964 мудири пункти пахтақабулкунии ноҳияи Пахтаобод ва аз соли 1964 нафақахӯри шахсӣ. Бо ордени «Ленин» ва медалҳо мукофотонида шудааст. (Маълумотҳои Энциклопедияи Советии Тоҷик 1—8).

МАВҚЕИ ИҚТИСОДИЮ ҶУҒРОФӢ ВА САНОАТИ НОҲИЯ

Мавқеи иқтисодию ҷуғрофии ноҳия пеш аз ҳама, ба мавқеи мусоиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, зиёд будани захираҳои меҳнатӣ, фаровонии захираҳои обӣ ва барқӣ, шароити мусоиди иқлимӣ барои тараққиёти хоҷагии қишлоқ мебошанд.

То ғалабаи инқилоби Бухоро дар ноҳия ба ҷои корхонаҳои калон, дӯконҳои косибии ҳунармандон, осиёбу ҷувозҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ амал мекарданд. Қаратоғ ҳамчун шаҳри ҳунарманду косибон маълуму машҳур буд. Баъд аз барқароршавии Ҳокимияти Шӯроӣ дар ноҳия нахустин артелҳои ҳунармандон пайдо гаштанд. Яке аз корхонаҳои нахустини ноҳия дар деҳаи Шӯрхоки дараи Қаратоғ со-ли 1929 ба вуҷуд омад. Корхона дар асоси ҳавзаи ангишти «Тошқӯтан», истеҳсоли ангишт ба роҳ монда шуд. Аз ин ҳавза сол аз сол бештар ангишт канда мешуд. Агар соли 1932 аз ин ҳавза 15 ҳазор тонна ангишт канда бошанд, соли 1937 истеҳсоли он ба 18 ҳазор тонна расид (19. саҳ. 284).

Ангишт тавассути мошинҳои нахустини ҷумҳурӣ аз ҳавза ба роҳи оҳани Чиптура кашонда мешуданд ва аз он ҷо ба Душанбе тавассути поезд бурда мешуд. То соли 1947 истеҳсоли ангишт аз ин ҳавза идома дошт. Баъдтар ҳавзаи ангишт баста шуд. Сабаб дар

пешина
аз 214
навбатӣ