Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Суюнов Хуррам, соли 1928 дар деҳаи Регар, ҳозира ноҳияи Турсунзода таваллуд шудааст. Пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои ҲКИШ аз соли 1951. Солҳои 1941—45 сардори звено, солҳои 1951—57 агроном ва аз соли 1964 сарагрономи колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Регар. Соли 1948 звенои Суюнов ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени «Ленин», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Холбоева Мингиш, соли 1922 дар деҳаи Оқмасҷиди ноҳияи Турсунзода таваллуд шудааст. Пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои ҲКИШ аз соли 1948. Солҳои 1936—39 муаллими мактаби «Қизил Тоҷикистон», солҳои 1939—1949 котиби Кумитаи ҳизбии колхози «Анҷумани XX ҳизб» ва аз соли 1953 мудири боғчаи бачагони колхози номбурда. Дар инкишофи пахтакории ноҳия саҳми босазо гузоштааст. Бо ордени «Ленин», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Эшназаров Маҳмуд, 6.05.1930 дар деҳаи Қулоқлитеппаи ноҳияи Регар, ҳозира ноҳияи Турсунзода таваллуд шудааст. Пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои ҲКИШ аз соли 1957. Солҳои 1947—1950 колхозчӣ, сардори звенои пахтакории колхози «Москва» (ҳоло ба номи В. И. Ленин), солҳои 1951—55 дар сафи Армияи Шӯравӣ буд. Аз соли 1956 сардори бригадаи пахтакории колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Турсунзода. Солҳои 1947—48 звенои Эшназаров ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени «Ленин» ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Қироатов Саид, соли 1904 дар деҳаи Регар (ҳозира ноҳияи Турсунзода) таваллуд шудааст. Пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои ҲКИШ аз соли 1930. Соли 1930 раиси Кумитаи камбағалони Шаҳринав, солҳои 1933—37 ҷонишини сардори агроучасткаи колхози «Даюб»-и ноҳияи Регар, соли 1937 раиси правленияи Ҷамъияти матлубот, солҳои 1938—1944 дар вазифаҳои ҳизбию Шӯроӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё