Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
раиси Кумитаи иҷроия ва соли 1975 раиси иттифоқи касабаи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Регар. Наимов дар инкишофи соҳаи пахтакории ноҳия саҳми калон гузоштааст. Дар анҷумани ХУ-уми ҲК Тоҷикистон номзад ба аъзогии КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шудааст.
Бо ордени Ленин, медалноҳо, Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Раҳмонов Ҷӯрабой, соли 1927 дар Шӯрои деҳоти Кирови ноҳияи Регар таваллуд шудааст. Пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1966). Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1956). Аъзои ҲКИШ аз соли 1958. Раҳмонов солҳои 1940—49 механизатор, солҳои 1949—1973 сардори бригадаи пахтакорӣ ва аз соли 1974 мудири участкаи колхози ба номи В. И.
Ленини ноҳияи Регар. Бригадаи Раҳмонов солҳои 1956—66 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Раҳмонов бо ду ордени «Ленин», ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалноҳо мукофотонида шудааст.
Раҷабов Саттор, соли 1927 дар деҳаи Бахшитеппаи ноҳияи Регар таваллуд шудааст. Пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1946). Аъзои ҲКИШ аз соли 1953. Раҷабов солҳои 1940—1950 колхозчӣ, сардори звено, солҳои 1950—1953 хонандаи Мактаби миёнаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон буд. Аз соли 1953 агрономи колхози ба номи М. И. Калинини ноҳияи Регар. Звенои Раҷабов солҳои 1943—46 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ду ордени «Ленин», ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва медалноҳо мукофотонида шудааст.
Сафаров Қароқул, соли 1890 дар деҳаи Чинори ҳозираи Шӯрои деҳоти Чапаеви пос. Пахтаободи ноҳияи Регар таваллуд шудааст. Чӯпон, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Солҳои 1920—1974 чӯпон, баъд сарчӯпони колхози «Анҷумани XX-уми ҳизб» (собиқ колхози «Комсомол»-и ноҳияи Регар буд). Сафаров соли 1947 аз 410 сар меш 529 сар барра гирифт. Бо ордени «Ленин», медалноҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё