Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

раиси колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Регар. Мирзоев дар инкишофи пахтакории ноҳия саҳми калон гузоштааст. Дар анҷманҳои VIII—XVII-уми ҲК Тоҷикистон, аъзои КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шудааст. Депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъватҳои 4—10). Бо ордени «Ленин», ордени «Нишони Фахрӣ», ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», медалҳо (аз ҷумла медалҳои СССР 6 дона) ва Грамотаи Фахрии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Назиров Кепҷа, соли 1921 дар деҳаи Чиртаки ҳозира ноҳияи Турсунзода таваллуд шудааст. Пахтакор. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), устоди пахтаи Тоҷикистон (1957). Аъзои ҲКИШ аз соли 1943. Солҳои 1938—39 колхозчӣ, 1939—41 муаллим ва хонандаи мактаби муаллимтайёркунӣ, солҳои 1941—1944 иштирокчии ҶБВ, солҳои 1944—47 инструктори Кумитаи ҳизбии ноҳияи Регар (собиқ Пахтаобод), солҳои 1947—1948 котиби ташкилоти ҳизбӣ, аз соли 1948 раиси колхози ба номи Калинини ноҳияи Регар. Назиров дар инкишофи пахтакории ноҳия саҳми калон гузоштааст. Вакили анҷманҳои XV—XVII-и ҲК Тоҷикистон, депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 5—8). Бо ордени «Ленин», ордени «Инқилоби Октябр», бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ду ордени «Нишони Фахрӣ», ордени ҶБВ дараҷаи дуюм, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Наимов Қарабой, соли 1923 дар деҳаи Мингтути ҳозираи ноҳияи Турсунзода ба дунё омадааст. Пахтакор, ветерани меҳнат, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои ҲКИШ аз соли 1943. Иштирокчии ҶБВ. Солҳои 1935—42 колхозчӣ, солҳои 1946—48 сардори звенои пахтакории колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Регар, 1948—51 котиби Кумитаи ноҳиявии комсомол, солҳои 1951—55 инструктори Кумитаи Ҳизбии ноҳияи Регар. Солҳои 1955—59 Мактаби олии ВЦСПС-и Ленинградро ғоибона хатм кард. Солҳои 1955—1962 раиси Кумитаи иттифоқи касабаи муаллимон, солҳои 1962—1975 ҷонишини

пешина
аз 214
навбатӣ